БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҶАВОНОНИ ПОЙТАХТ"

2024-06-13

Дар асоси талаботи 4.3-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 21 майи соли 2024, № 35 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 4 июни соли 2024, № 3 дар кумитаю такилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор гашта истодааст.

Дар ин замина дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонони пойтахт” – и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Фазилатпочои Маҳмадюсуф, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Бобоҷонзода Раҷабалӣ Хайрулло ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Мувофиқи рузномаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Ҷавонони пойтахт” масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Ҷавонони пойтахт”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, пешбарии вакилон барои иштирок дар Конференсияи 33 - юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Тибқи баррассии масъалаи якуми рузномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Зимни гузориш қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ доир ба сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои миллӣ “Рӯзи ваҳдатӣ миллӣ”, “Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Иди байналмилалии Наврӯз”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир карда шуд.

Мувофиқи масъалаи дуюми рузнома бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб Бобоҷонзода Раҷабалӣ Хайрулло ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Ҳамзамон вобаста ба пешбарии вакилон ба Конференсияи 33 - юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар идома Фазилатпочои Маҳмадюсуф суханрони намуда, иброз намуд, ки имрӯз аъзои Хизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати фаъолияти хеш зери шиори "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" дар роҳи ташаккули миллат, эҳёи таъриху фарханг ва бунёди давлати мустақили миллӣ корҳои азимеро анчом дода, барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ барномаҳои муҳиму вусъатманди худро амалӣ карда истодааст.