Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво”
2024-06-12
Дар
ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият
аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда
маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир шуд.
Нахуст,
ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри
Душанбе Муҳибулло Зувайдуллозода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи
ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Мавсуф
аз ҷумла зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво”-и ҲХДТ фаъолияти худро
дар давраи ҳисоботӣ мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “Дар бораи иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ”, Оиннома ва Барнома, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию
ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, қарорҳои анҷуманҳои ҳизб, маҷлисҳои Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари
ҳадафҳои созанда дар давраи ҳисоботӣ як силсила чорабиниҳои сиёсӣ ва таблиғотию
ташвиқотиро доир намуда, дар корҳои созандагиву ободонии ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ
саҳми бориз гузошт.
Зикр
шуд, ки бо роҳи таблиғоти дуруст ва ҳадафрас зиёдшавии шумораи аъзо ҳизб ба
назар мерасад. Айни ҳол дар ташкилоти ибтидоӣ 99 нафар аъзо кору фаъолият
менамояд, ки аз инҳо 68 нафарро занон ва 31 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд.
Гуфта
шуд, ки дастгирии ниёзмандон ва маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки барномаҳои
ҳизбӣ ба шумор меравад. Дар партави иқдомоти хайрхоҳонаву инсонпарваронаи Роҳбарияти
Олии сиёсии мамлакат бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ аёдати маъюбони
ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо маводи хӯрока ва кумакҳои
моддии яквақта расонида шуд.
Дар
давраи ҳисоботӣ ба қабулгоҳи ҷамъиятии ташкилоти ибтидоӣ 7 нафар ҷиҳати дарёфти
кумак муроҷиат кард. Муроҷиати онҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор
гирифта, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба онҳо ёрӣ расонида шуд.
Дар
давраи ҳисоботӣ 26 чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла чорабиниҳои фарҳангӣ -
фароғатӣ, аксияҳои тозагӣ, маҳфил - озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва
машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Бо
мақсади ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизб мутобиқ
намудани ҳуҷҷатгузории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ соли 2024 дар доираи амалиёти
“Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман!” фаъолияти кормандон ва аъзои ташкилоти
ибтидоии ҳизбӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд,- афзуд дар ҷараёни суханронӣ
Муҳибулло Зувайдуллозода.
Сипас,
масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, бо пешниҳод ва ҷонибдории
аъзои ташкилоти ибтидоӣ 7 нафар фаъолон ба ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии
ҳизбӣ интихоб карда шуданд.
Ҳамчунин,
бо пешниҳоди фаъолон аз ҳайати Раёсат номзадии Муҳибулло Зувайдуллозода ба
ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Ҷунайдулло Яқубов ба ҳайси муовини раиси
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.
Ҳамин
тариқ, оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла интихоби вакилон ба
Конференсияи 34-и ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино қарор
қабул карда шуд.
Дар
идома, масъули Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии
ҲХДТ Зафар Гулмаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зоҳир
Ҳабибзода аз суханрониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва
ходимони дини мамлакат ва дар мулоқот бо олимон, аҳли илм ва маорифи мамлакат
ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки дар партави
сиёсати инсондӯстонаву ватанпарваронаи Пешвои миллат барои татбиқи вазифаҳои
стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу
ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона, тақвият бахшидани
худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро гузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта
бошем, ки узви ҳизб будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди
халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони
соҳибистиқлоли мост.
Аз
аъзои ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво” даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати
арҷгузорӣ ва пос доштани Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва
ҳувияти миллӣ, муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона
миёни давлатҳои ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию
зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонону наврасон,
тарбияи онҳо дар руҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои
хориҷӣ, инчунин, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба
истиқболи сазовори 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир
андешанд.
Дар
хотимаи маҷлис ба чаҳор нафар корманди ҷавони муассисаи мазкур шаҳодатномаҳои
ҳизбӣ супорида шуд.