Маърифати ҳуқуқӣ - фарҳанги давлатдорист
2024-06-12
Бо Амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 соли 2024 “Соли
маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.
Ин
иқдоми Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду санаи бузурги сарнавиштсози
соҳибистиқлолии кишварамон - 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рост
меояд.
Вожаи
“маърифат” дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маъноҳои илму дониш, шинохтану
донистан, бинишу тамиз, яке аз чор дараҷаи ирфони суфия: шариат, тариқат,
маърифат ва ҳақиқат омадааст. Вожаи “ҳуқуқ” бошад, ба маъноҳои ҳақ , ҳақиқат,
адолату ростӣ ифода мегардад.
Дар асл
маърифати ҳуқуқӣ сифатҳои феълии ақлонии шахс буда, аз рӯйи дарки равонӣ
тафаккурест, ки дар муҳити маънавӣ инъикос мегардад.
Маърифати
ҳуқуқӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии сохти давлатдорӣ ҷойгоҳи худро
дорост ва онро асосҳои қонунгузорӣ муайян менамояд.
Маърифати
ҳуқуқии шахс дар ҳаёти иҷтимоӣ аз оила маншаъ мегирад ва минбаъд вобаста ба
талаботи замон шакли ҷаҳонбинии маънавиро пайдо менамояд.
То чӣ
андоза донишандӯзӣ такмил ёбад, ба ҳамон андоза маърифатнокии шахс дар ҳаёти
ҷомеа ранги тоза мегирад.
Фарҳанги
давлатдорӣ дар кулли самтҳои низоми давлатдорӣ ба маърифати ҳуқуқии он
алоқаманд аст.
Конститутсия
ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ойина ва роҳнамо таҷассум менамояд.
Риояи
Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар ҳамаи самтҳои идоракунии давлат
ба чашм мерасад.
Маърифати
ҳуқуқӣ фарогири дигар равандҳо, аз он ҷумла маърифати оилавӣ, муносибат бо
ҷомеа, истеҳсолот ва сиёсати дохилию хориҷӣ мебошад. Ба маърифати
иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ таҳсил, табобат, истироҳат, фаъолияти бомаром, муносибат бо
муҳити зист, уҳдадорию ҳуқуқҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои конститутсионӣ ва
амсоли онҳо дохил мешавад.
Консепсияи
миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 таркиби миллии тарбия иборат буда,
шаҳрвандони кишварро ба маърифатнокӣ уҳдадор месозад.
Тарбияи
ватанпарастӣ аз шаҳрвандон, хусусан аз ҷавонон ҳифзи марзу буми Тоҷикистонро
талаб менамояд. Ҳифзи Ватан - ҳифзи модар ва хонавода аст.
Қонунгузорӣ
дар кишварамон амри сода набуда, вобаста ба тақозои замон ба қонунҳо тағйиру
иловаҳо ворид карда мешаванд ва қонунҳои наве мутобиқ ба сохти низоми
давлатдорӣ баррасӣ мегарданд. Кулли қонунҳои амалкунандаи кишварамон дорои
тафсир мебошанд.
Ҷиҳати
танзими ҳаёти иҷтимоии кишвар як қатор қонунҳо баррасӣ ва қабул гаштаанд, ки ба
некуаҳволии шаҳрвандон таъсири мусбӣ расонидаанд.
Чунончӣ,
қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи
фарзанд”, “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Дар бораи тарбияи
ватандӯстии шаҳрвандон” ва даҳҳо қонунҳои муҳимми дигар, ки дар самтҳои гуногун
таҳия гаштаанд, дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмин бо ҷойҳои нави корӣ,
баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандони кишвар ва дигар самтҳои низоми
давлатдорӣ мусоидат менамоянд.
Аз ин
лиҳоз, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла аъзои Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон созандагию бунёдкорӣ ва дар зинаи баланд нигоҳ доштани
маърифати ҳуқуқӣ аст.
Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сернуфузтарин буда, сутуни маърифати ҳуқуқӣ
ва фарҳанги давлатдорист.
Маърифати
ҳуқуқӣ аз илму дониш сарчашма мегирад.
Мирзо
Абдуқодири Бедил нигоштааст:
Чашм ба
нусхаҳои куҳан бидӯз,
Маърифат
тоза дафтар аст пирӯз.
Риоя ва
сатҳи маърифати ҳуқуқӣ зинаи устувори давлату давлатдорист. Аз доираи маънавиёт
ва маърифат дур будан бошад, нишонаи бехирадист.
Ҳофизи
Шерозӣ чунин фармудааст.
Маърифат
нест дар ин қавм худоро мададе,
Гар
барам гавҳари худро ба харидори дигар.
Маърифати
ҳуқуқиро тарғиботи маънавӣ дар зеҳн ва эҳсосоти мардум ҷойгоҳ месозад, ки яке
аз минбар ва воситаи муътамади он нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон - “Минбари халқ” мебошад.
Осим
Атоев,
роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Турсунзода