Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии "Нури тиб" баргузор гардид

2024-06-12

Бо мақсади иҷрои қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 15 майи соли 2024, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар "Нури тиб" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизб, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии XVIII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ гардиданд.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, директори Муассисаи ғайридавлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ", Толибшо Саидов ва аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар "Нури тиб" иштирок доштанд.

Вобаста ба рӯзномаи якуми маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Тоҳир Одилов оид ба натиҷагирии фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ҳисобот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки дар фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ саҳми аъзо ва фаъолони ҳизб зиёд буда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқи Деморкатии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Вобаста ба рӯзнома дуюми маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки аз 14 боб ва дар ҳаҷми 3 саҳифа тасдиқ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюм ва чоруми маҷлис директори Муассисаи ғайридавлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ" Саидов Толибшо суханронӣ намуда, Одилов Тоҳирро аз нав раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар "Нури тиб" ва Наврӯзшои Холназарро муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пешниҳод кард, ки ин таклиф аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб қобили қабул дониста шуд.

Оид ба масъалаи панҷум пешниҳод шуд, ки раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иборат аз 11 нафар интихоб шавад ва ба овоз монданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Одилов Тоҳир вобаста ба масъалаи панҷуми рузномаи маҷлис иброз дошт, ки тибқи меъёри муқарраргардида 9 нафар вакил ба конференисияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ интихоб гардиданд.

Ҳамзамон, оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба нашрияи Минбари халқ баррасӣ гардида, масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъкид карданд, ки дар муҳлати муайян нақшаи обуна ба нашрияи ҳизбиро ба пуррагӣ иҷро мекунанд.

Инчунин, дар доираи омодагиҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, пеш бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва зиёд намудани сафи ҷонибдорони ҳизб изҳори назар карда шуд.

Дар охири маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар “Нури тиб” - ро қаноатбаъхш арзёбӣ намудаанд.