Ифтихор аз фарҳангу тамаддун

2024-04-12

Эътироф гардидани тамаддуни тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, яъне ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихии мо, нишона аз миллати қадима ва таърихию фарҳангӣ будани миллати бостонии тоҷик шаҳодат медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар мавриди осори мондагори Ҷалолиддини Балхӣ иброз доштанд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта..., бо шоҳасари безаволи худ миёни мардуми дунё шуҳрат пайдо намуд. "Маснавии маънавӣ" - и ин мутафаккири барҷаста ба чанд забони дунё тарҷума шуда, имрӯз серхонандатарин китоби рӯйи олам гардидааст.

Ҳамчунин зимни ҳамин мулоқот Роҳбари давлат дар идомаи тавсифи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қайд намуданд, ки имсол низ бо ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистон дар созмони ЮНЕСКО ҷашни Мавлоно доир мегардад, ки дар муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забону таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими ҳуввияти миллии мо нақши арзишманд хоҳад гузошт.

Таҷлили бошукӯҳи 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва баргузории конференсияи байналмилалӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж барои мо-ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор аз фарҳангу тамаддуни миллати маънавибунеди тоҷик аст.

Тариқи расонаҳои иттилоотӣ маълумоти тозаро аз оғози омодагиҳо ба ин ҷашнвора баргузории намоиши осори мондагори Мавлоно, пешниҳоди маърузаву мақолаҳои Мавлавишиносон, суханронии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, замзамаи шеъру сурудҳои форам аз ҷониби аҳли фарҳанги кишвар, муаррифии либоси миллии тоҷиконаро дар қароргоҳи бонуфузи ЮНЕСКО бесаброна интизорӣ мекашидам.

Имрӯзҳо вазъи ҷомеаи ҷаҳон дар ҳолати бисёр мураккабу ҳассос қарор дорад. Ва он ҳар лаҳза тағйирёбанда буда, албатта ба таъриху тамаддуни миллатҳои гуногуни олам таъсири худро расонида истодааст. Аммо дар ҳамин гуна шароит Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги миллатро на танҳо нигоҳ доштанд, балки фарҳанги тоҷиконро ҳамчун нигини тамаддуни ҷаҳон ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Пас, чаро баъзе занону бонувони тоҷик рӯ ба фарҳанги бегона овардаанду аз анъанаву фарҳанги қадимаи миллати тоҷик хотираи фаромӯшӣ мезананд?

Чаро мо занону бонувони тоҷик ифтихор намекунем, ки либоси миллии тоҷикии мо имрӯз марзҳоро убур намуда, дар Фаронса ва дигар манотиқи ба маърази тамошо гузошта мешавад. Месазад, ки бо либоси миллии худ ифтихор кард ва танҳо "Тоҷикона" бояд либос бипушид!

Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонамонро ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ эҳтиром гузорем”. Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон хулоса кард, ки Роҳбари давлати мо воқеан абармарде ҳастанд, ки бо ҳисси баланди миллӣ таъриху тамаддуни чандинасраи миллати тоҷикро эҳё намуда, маъруфу машҳури олам намудаанд.

Фирӯза Шерматова,

раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Конибодом