Оғози даври вилоятии мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

2024-06-11

Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар даври сеюми мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва муовинони раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ чорабинии варзишӣ роҳандозӣ гардидааст.

Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зимни баромади хеш зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад. Илова бар ин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад.

Инчунин, Саидзода Ҷамшед илова кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дастболо гардидани ҷавонону наврасон дар самти варзиш ва роҳнамоӣ кардани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста ташаббусҳои созандаеро роҳандозӣ менамояд. Дар охир ба ҳамаи дастаҳои футболбозон неруи қавӣ ва барору комёбӣ таманно намуд.

Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон низ изҳор дошт, ки ташкил ва баргузор кардани бозии футбол ба рушди варзиш дар сатҳи маҳал, бедор намудани шавқу завқи ҷавонону наврасон ба варзиш, дӯст доштани Ватан ва солимии ҷомеа мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” пазируфта шуд.

Дастаҳои футбол аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо ҳам бозӣ мекунанд. Хотиррасон менамоем, ки дар минтақаи Кӯлоб низ мусобиқаи футбол гузаронида мешавад. Мавриди зикр аст, ки пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоӣ ба шаҳри Душанбе роҳхат дода мешавад.