МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «РОҲНАМО»
2024-06-11
Дар асоси ҷадвали
баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр
маҷлисҳо баргузор гардида истодаанд.
Санаи 10 июни соли
2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо» - и шаҳри Бохтар маҷлиси
ҳисоботи-интихоботӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси мазкур
Саидзода Ҷамшед – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, раиси ташкилоти ибтидоии
ҳизбӣ "Роҳнамо" Абдуназарзода Шоиста иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис масъалаҳои
ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо»-и шаҳри Бохтар оид ба
ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи солҳои 2022-2023 ва нимсолаи аввали
соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби аъзои Раёсати
ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо»-и шаҳри Бохтар, интихоби раиси ташкилоти
ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо»-и шаҳри Бохтар, интихоби муовини раиси ташкилоти
ибтидоии ҳизбӣ «Роҳнамо»-и шаҳри Бохтар, интихоби вакилон ба конференисияи
29-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва масъалаҳои ҷорӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Тибқи масъалаи якуми
рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Роҳнамо» - и
шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи
солҳои 2022-2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти
минбаъда шунида шуд, бо ҳамин тартиб дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ
баррасӣ гардиданд ва нисбати
онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас, раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед ба сухан баромада оид ба
ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар
ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб-омӯзгорон дар чорабиниҳои
сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар
руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ
баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
30-солагии ҲХДТ, пешниҳоди андешаҳои созанда аз даврони соҳибистиқлолии
мамлакат, сари вақт пешниҳод кардани вокуниш ба амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони
миллати тоҷик, инчунин дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ, дастуру ҳидоятҳои
Роҳбарияти Олии ҲХДТ-ро расониданд.
Ҳамзамон оид ба
дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои
маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби
Халқии
Демократии
Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд,
ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро
дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” саҳми
фаъолона гузорем.
Дар ҷамъбасти маҷлис
аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” ба Саидзода Ҷамшед раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Иброҳимзода Неъматулло раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар тақдим
карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Бохтар ба фаъолони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо» - и
шаҳри Бохтар сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Инчунин як қатор
кормандони соҳаи маориф, ки ба сафи ҳизб шомил
гардида буданд, дар ваъзияти тантанавӣ ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.