Маҷлиси ташкилоти ибтидоии “15-солагии Ваҳдат”

2024-06-10

10 июни соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Ҳабибзода Зоҳир, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Давлатзода Ҳангома, раиси такшилоти ибтидоии “15-солагии Ваҳдат” Сироҷзода Ҷамолиддин ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Маҷлисро Ҷамолиддин Сироҷзода, раиси ташкилоти ибтидоии “15-солдагии Ваҳдат”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ифтитоҳ намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “15-солагии Ваҳдат”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024”, интихоби Раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “15-солагии Ваҳдат”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, интихоби вакилон ба Конференсияи ХXXXIV ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии “15-солагии Ваҳдат” “Дар бораи фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024” Сироҷзода Ҷамолиддин шунида шуд.

Дар робита ба баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ 5-нафар фаъолон ба ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди фаъолон аз ҳайати Раёсат номзадии Сироҷзода Ҷамолиддин ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Айниддинова Сулҳия ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи чоруми маҷлис вобаста ба интихоби вакилон ба Конференсияи 14 ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино якдилона қарор қабул карда шуд, ки раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ вакил барои иштирок дар кори Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ интихоб карда шуданд.

Дар ин радиф, масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ аз ҷониби раисикунандаи ҷаласа ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаҳои дар маҷлис матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд.

Дар анҷом раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҳабибзода Зоҳир аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост. Аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пос доштани Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ҳуввияти миллӣ, муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.