Замин аз носипосии замонсӯзон ба танг омад
2024-06-10
Имрӯз
доираи бадхоҳоне гӯшаҳои ҷаҳонро ба нооромӣ мекашанд ва ин раванди номатлуб
аксаран тавассути шабакаҳои бедарвозаи интернетӣ падид меояд. Аз ҷумла иғвою
дасисаи навбатии ба ном Мавлавӣ Абдуқадир ва ҳангомаҳои ин дасисаҷӯи номурод аз
доираи ақли солим берун буда, дар асл барои ба миён гузоштани баҳси тамоман
бемантиқи сатру ҳиҷоб ва либоси бегонаи занон дар шароити кунунии кишвари мо
бедалелу тамоман бепоя буда, ғайр аз нифоқангезию ҳангомаҷӯӣ чизи дигаре буда
наметавонад.
Бояд
таъкид кард, ки аслан ин муллотарош, ҳарчанд аз доираи маърифати қуръонию
исломӣ ҳарф зада, дини мубини исломро ба худ ниқоб созад ҳам, худ динситезеву
инсонбадбине беш нест. Зеро дини ислом берун аз ҳар гуна ҷаҳолату ситезу
дасисаву ҷиҳодангезӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ инсонбадбинӣ ва инсонситезиро намехоҳад
ва ақидаҳои ин ҳангомаҷӯ тамоман муқобили таълимоти Мавлавия ва рафтору гуфтору
кирдори мавлавиёни асил нигаронида шудаанд.
Аслан,
ки ба ин турфа ҷоҳилони тундзабону дасисакоре чун Абдуқодир ҳуқуқ додааст, ки
берун аз марзи кишвари мо, аз номи мардуми Тоҷикистон баромад карда,
ҳаммаслакони тундравашонро тавассути шабакаҳои бедарвозаи интернетӣ ба ҷиҳоди
беақлонаю сияҳдилона даъват созад.
Кулли
мардуми шарафманди кишвари маҳбуби мо имрӯз шукргузоранд ва Тоҷикистони азизу
мубораки мо давлати орому осудаест ва мардуми шарафманди мо бо доштани ин
неъмати воло хушбахт ҳам ҳастанду давлати тинҷ, Ҳукумати ғамхор ва Роҳбари
хирадпешае доранд.
То
кунун касе дар қаламрави Тоҷикистони рӯ ба пешрафт рукнҳои манфиатбори шариати
исломро манъ накардааст ва ба мусалмонони ҷаҳон маълум аст, ки калонтарин
масҷиди ҷомеъи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қомат афрохтааст. Кулли
намозгузорон дар шароити орому осуда бо шукргузорӣ аз миллату давлати хеш
озодона ибодат мекунанду рӯза мегиранд, ҳамчунин зиёрати Хонаи Худо мераванд.
Вале
зумраи дасисахоҳу ҷоҳилсимову ҷаҳолатхислате аз қабили ҳамон Мавлавии дурӯғин
бо ақидаҳои пӯку бемағзашон мехоҳанд ба рӯзгори осудаву ободи мардум халал
ворид созанд.
Ба
ин бадхоҳони баҳонаҷӯ таъкид медорем: Бидонеду огоҳ бошед: ҳаргиз ба
ҳадафи палидатон намерасед!
Халқи
шарифи кишвари Тоҷикистон бо фарогири аз хиради азалӣ ҳар кадоме дӯстдори марзу
буми аҷдодии хешанд.
Шумову
ҳаммаслакони торикдили шумо аз маърифати исломӣ барои насли инсон чи
хубие карда метавонед? Охир, ба ғайр аз иғвоангезӣ дигар коре аз дастатон
меояд?! Мутаассифона аз номи Исломи пок танҳо ва танҳо манфиатҳои пурғарази
худу хоҷагонатонро гӯё “ҳимоя” мекунеду халос...
Маҳз
тавассути ақидаҳои сиёҳу нопоки шумову шумобаринҳо, дар ниқоби “Мавлавӣ”
маърифати ислом дар тамоми ҷаҳон рӯ ба инқироз дорад ва ҷаҳониён аз қабули он
меҳаросанд!
Охир,
эй “мавлави”-ҳои бадтинат чаро ба нафси саркаши худ ҷиҳод эълон намекунед ва
мутобиқи таълимоти қуръониву суннати Пайғамбари ислом амал намекунед.
Ҷаҳониён
муҳити зисту рӯзгори шумо, азоби алими занҳову бонувони кишваратон ва кулфати
асириву беҳуқуқии духтарони ҳанӯз ноболиғи афғонро кайҳо воқифанд ва чаро шумо
муллову мавлавиҳои ношуд дар ислоҳи вазъи худ бечораед. Охир, муҳити рӯзгору
маънавии шумост ҷойи ҷиҳод!
Аввал
худу атрофиёнатонро ислоҳ кунеду баъд ба ислоҳу қазовати дигарон пардозед.
Чаро
арабҳо, ки аз насли Пайғамбаранд дар ҳоли рушданду шумо ҷоҳилон ба қатлу
куштори ҳамдигар машғул....Афсус, ки фақат мисли тӯтӣ вазъ мегӯеду аз асли
Ислому Қуръону Худошиносӣ хеле дуред...
Модару
бонувони кишвари осудаи мо либоси миллии худро доранд, ки инро ҳеҷ кас манъ
накардааст. Ҳамон руймолу либоси фарҳангии мо нишони иффату озодагии зани тоҷик
асту абадан пойбарҷост!!!
Дахолати
кӯр-кӯронаатон ба зиндагии мардуми Тоҷикистон хандаовару ғаразноку ба мароми
мардуми мо бегона аст ва он ҳиҷобу сатре, ки ҷоҳилнаи талқинкардаатон, ба
фарҳанги мо бегонаасту таблиғаш барои миллату фарҳанги мо бегонаву норавост!
Розиқ
Нурзод,
мудири
бахши омор ва махзани ягонаи
электронии
аъзои ҳизби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ