Тадбирҳои созандаи ҳизб

2024-06-10

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам         Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо", тарғиби либоси миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкории мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста вохӯриҳои судманд доир мегарданд.

Дар ин асос, бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби намояндагони сохторҳои идеологии ҲХДТ чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриҳо баргузор намуданд.

Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб муовини Раиси ҲХДТ Мавлоно Хайринисо Юсуфӣ зимни мулоқот бо сокинон муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро баррасӣ карда, аз ҳадафҳои созанда ва нақшаҳои ояндасоз ёдовар шуданд.  

Аз ҷониби роҳабрияти ҳизбӣ гуфта шуд, ки бо шукрона аз фазои амну осудаи кишвар дар таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тую маросимҳо, ҳидояти фарзандон ба хизмати ҳарбӣ, риояи либоспӯшии миллӣ, оростани дастархони хоксорона ва бо харҷи камтарин дар рӯзи Иди Қурбон ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамчун шаҳрвандони дӯстдори Ватану миллат намунаи ибрат бошанд.

Дар ин радиф зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ самараи истиқлол буда, бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст ва ҳадафҳои оинномавию барномавии он амалисозии орзуву ормони мардум, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҳдошти рӯзгори ҷомеаро дар ҳадаф дорад. Дар ин раванд дар даврони сулҳу субот ва оромии кишвар бояд паҳлӯ ба паҳлу саъю талош намоем ва дар рушду нумӯи ин сарзамини биҳиштосо пайваста заҳмат кашем ва дар ин талошҳои созанда пайрави ҳақиқии Пешвои миллат бошем. Воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати 30 сол тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкоронаи хеш ба мардум муаррифӣ намояд.

Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Кӯлоб ба маром идома хоҳанд ёфт.