Конститутсия ва 30 қадами устувор дар роҳи ваҳдат ва қонуният
2024-06-10
Дар асоси нақшаи
чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз
ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб
расидааст, рӯзи 7 июн дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар
мавзуи "Конститутсия ва 30 қадами устувор дар роҳи ваҳдат ва
қонуният" бо сокинону фаъолон вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ Раиси
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам,
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шермуҳаммад Шоҳиён, Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмон Юсуф, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон - Абдуҷаббор Азизӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -
Алишер Мирзонабот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пеш аз оғози вохӯрӣ
меҳмонон дар саҳни бинои мақомот аз намоишгоҳи дастовардҳои ноҳияи Ванҷ боздид
намуданд.
Сипас, дар толори
бинои мақомот бо сухани ифтитоҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ
оғоз шуд. Раиси вилоят меҳмононро ба ноҳияи Ванҷ хайрамақдам гуфта, баргузории
чунин чорабинииро дар арафаи истиқбол аз 27- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30
солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар "Соли маърифати
ҳуқуқӣ" иқдоми нек ва саривақтӣ унвон кард. Зикр шуд, ки қабули
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин иқдом дар солҳои пуршӯру
ноороми ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки бо иродаи халқ бо роҳи раъйпурсии
умумихалқӣ амалӣ гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам дар баромади хеш
иртиботу пайвастагии қабули Конститутсия бо Ваҳдати миллӣ ва омилҳои таҳкиму
тақвияти сулҳу суботро дар кишвар мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дод. Қайд гардид,
ки нақш ва аҳаммияти қабули қонуни
асосӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бағоят
бузург маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, Рудобаи Мукаррам зикр намуд, ки раванди
ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, таҳдиду хатарҳои терроризму
ифротгароӣ, вусъати ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар чолишҳо моро бештар аз пештар
барои ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва устуворсозии пояҳои Ваҳдати
миллӣ водор месозад. Шароити мавҷуд моро вазифадор мекунад, ки ҳар қадами хешро
дар такя бар аслу асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳо ва суннату анъанаҳои
муқаддаси миллат бардорем ва бо ин роҳ худ намунаи олии пайравӣ барои насли нав
гардем. Мо бояд ҷавононро дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба
рукнҳои давлату давлатдорӣ тарбия намоем ва ҷомеаи хирадсолор ва
маърифатмеҳварро бунёд созем. Бояд бо дарки ҳақиқати воқеӣ аз азамат ва руҳи
шикастнопазири миллат неруву тавон гирем, бо қудрати дониш, хирад, ҷаҳонбинӣ,
силоҳи сухан мусаллаҳ шавем ва қотеъонаву содиқона ва бо ҳисси баланди ғурури
миллӣ дар роҳи тақвияти ваҳдату амният даст ба дасти ҳам дода, пайгирона амал
кунем.
Раиси Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шермуҳаммад Шоҳиён дар баромади хеш қайд намуд, ки аз
шарофату нусрати қабули Конститутсия кишвари мо чун субъекти комилҳуқуқи
муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд ва миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ба
сифати миллати озоду мухтор муаррифӣ гашт. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун
шиносномаи миллат рушди давлати соҳибистиқлоламонро таъмин кард ва роҳи расидан
ба ояндаи дурахшонро мунаввар намуд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони
маъруфи ҷаҳон ба қатори яке аз беҳтарин конститутсияҳо шомил гардидааст.
Дар суханронии
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмон Юсуф масъалаҳои таъмини
волоияти қонун, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди хурофоту
таассуб ва терроризму ифротгароӣ, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории кишвар ва
бо ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ
қарор гирифт. Гуфта шуд, ки таъмини амният ва суботу оромӣ танҳо дар сурате
тақвият меёбад, ки мардум маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ дошта, ҳуқуқу озодӣ
ва уҳдадориҳои шаҳрвандии худ ва дигаронро донанд ва бо қатъият риоя кунанд.
Зикр гардид, ки мубориза бо қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва пешгирии омилҳои
номатлуб вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб мешавад. Аз ин
рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки дар ҳамовозӣ бо паёмҳо, таъкидҳо ва ибтикороти
созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон рисолати шаҳрвандии хешро дар таҳкиму тақвияти қонуният, рушди
маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии хатару таҳдидҳо амалӣ намоем ва суботу амнияту
Ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамонро таъмин созем.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон - Абдуҷаббор Азизӣ дар баромади хеш аз пешниҳодҳо ва
вазифагузориҳое, ки аз мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли ҷорӣ
бармеоянд, ёдоварӣ кард. Қайд гардид, ки дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Пешвои
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз асоситарин вазифаҳои самти рушду пешрафти
сиёсиву маънавии миллат муайян шуданд. Решакан намудани хурофоту таассуб,
вусъати маънавиёту фарҳанг ва донишу маърифат дар ҷомеа ва бо ин васила баланд
бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии мардум аз муҳимтарин вазифаҳое буданд,
ки дар ин мулоқот дар назди халқу миллат гузашта шуд. Акнун ҳар яки моро зарур
аст, ки ин ҳидоятҳои раҳнамосози Пешвои муаззами миллатро дастури фаъолият ва
сармашқи кори хеш қарор диҳем. Ҳамчунин, Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки имсол
бо ибтикор ва пешниҳоди Пешвои миллат ба хотири гиромидошт аз солгарди
муқаддаси 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар соли
"Маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо
вазифадорем, ки дар боло бурдани сатҳи маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва
ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми хешро гузорем.
Пас аз хотимаи
суханрониҳои меҳмонон раисони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон, инчунин, фаъолони
ноҳияи Ванҷ низ баромад намуда, таассурот ва пешниҳоду таклифҳои хешро аз
масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасишуда баён доштанд. Баромадкунандагон иброз
намуданд, ки минбаъд низ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар дар партави
сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъйу талоши хешро
ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддас - 35-солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти диёр ҷоннок менамоянд.