Маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
2024-06-07
Чуноне
маълум аст, ташкилоти ибтидоӣ асоси ҳизби сиёсӣ буда, рушду равнақи он, рушду
пешрафти ҳизб мебошад. Ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
низ ҳамчун ниҳоди асосӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ,
низомномаҳо ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳизб фаъолият мекунанд.
Дар
асоси Оинномаи ҲХДТ соли ҷорӣ Анҷумани 15 – уми Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар асоси Оинномаи мазкур баргузории маҷлисҳо ва
конференсияҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ дар назар аст.
Маъракаи
ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ, ин чорабинии муҳими ҳизбӣ
ба ҳисоб рафта, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои
ҳизбиро ба танзим медароранд, омода ва баргузор карда мешаванд.
Бо
мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир намудани ин чорабинӣ аз ҷониби
Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи
Марказӣ аз 15 майи соли 2024, “Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ -
интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба имзо расид.
Қарори
мазкур Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва тамоми раисони кумитаҳои иҷроияи
ҳизбии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вазифадор менамояд, ки тибқи
муқаррароти муайянгардида, маъракаи мазкурро тибқи ҷадвал дар муҳлатҳое, ки
Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ муайян намудааст, баргузор намоянд.
Ҳамзамон
аз ҷониби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Дастури методӣ “Дар бораи баргузор намудани
маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон” барои истифодабарии раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ таҳия ва дастрас гардид.
Дар
он маълумот вобаста ба омода ва таҳияи ҳуҷҷатҳои намунавии маҷлисҳо,
конференсияҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ, аз ҷумла дар бораи самтҳои фаъолият дар
ҳисоботи раиси ташкилотҳои ҳизбӣ, қабули рӯзномаи маҷлис, интихоби ҳайати
роҳбарикунандаи ташкилотҳои ҳизбӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва комиссияҳои
тафтишотӣ, дигар масъалаҳои баррасигардида дарҷ гардидаанд.
Ҳамзамон
тавсия дода мешавад, ки дар чорабинии мазкур дар қатори аъзо ва вакилони
интихобгардида фаъолон, ҷонибдорони ҳизб ҷалб карда шаванд. Дар рафти муҳокимаи
масъалаҳои баррасигардида ва қабули қарорҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Тибқи
“Дастури коргузорӣ дар ташкилотҳои ҲХДТ” баъд аз анҷоми маъракаи ҳисоботӣ -
интихоботӣ маводҳои конференсияҳои кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ВМКБ, вилоятҳо ва
шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ пешниҳод карда
мешаванд.
Қайд
кардан ба маврид аст, ки айни ҳол барои таҳияи ҳуҷҷатҳои Анҷумани 15 – уми
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ,
аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раисони як қатор кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон
ва фаъолони ҳизбӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Дар назар аст, ки дар асоси
таклифу пешниҳод ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзоёну ҷонибдорон ба Оиннома ва Барномаи
ҳизб тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
Дастгоҳи
Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон