Аксияи “Тозагии соҳил - 2024”

2024-06-06

Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” аксияи “Тозагии соҳил - 2024” доир карда шуд, ки дар аксияи мазкур ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Иттилоъ медиҳем, ки аксияи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паём ҷиҳати тозагии ҳифзи муҳити зист дастур манзур намуда буданд, роҳандозӣ карда шуд. Дар аксияи мазкур атрофи дарёи Чангоб ва макони оббозии кӯдакон аз партовҳо тоза карда шуданд.

Баргузории чунин аксияҳо барои бартараф намудани партовҳо, зарфҳои пластикӣ ва дигар намуди партовҳо мусоидат намуда, ба сокинон ҳисси зебоипарастиро талқин менамояд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони азизи мо тадбирҳои ҳифзи муҳити зист дар замин, хоҷагии ҷангал, об ва дигар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудаанд, ки ҷавобгариро барои вайрон кардани меъёрҳои экологӣ муқаррар мекунанд. Дар миқёси байналмилалӣ дар баробари таъсиси созмонҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат Барномаи СММ оид ба муҳити зист низ амал мекунад.

Сиёсати масъулиятнок ва муассир нисбат ба муҳити зист танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки бо ҷамъ овардани маълумоти боэътимод оид ба вазъи имрӯзаи муҳити зист, дониши асоснок оид ба таъсири мутақобилаи омилҳои муҳими экологӣ, таҳияи усулҳои нави кам ва пешгирии зарари аз ҷониби инсон ба табиат расонидашуда амалӣ карда шаванд.