Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур
2024-06-06
5 июни соли 2024, дар
толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии
ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ
баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбӣ, ҷоннок намудани кор дар самти таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, қабули
сифатноки аъзои ҳизб ва танзими ҳаракати он, инчунин, бобати даъват намудани
Конференсияи XXXV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, маҷлиси Кумитаи
иҷроияи ҲҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири
шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон – Ширинбеков Садриддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар, муовини раиси КИИ “Дониш” – Шарифзода
Ҷамолиддин, намояндагон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, вакилони
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ва намояндагони
Васоити ахбори оммаи ҳизбиву давлатӣ ширкат варзиданд.
Маҷлисро Раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар ифтитоҳ намуда, нахуст аз
меҳмонон ҷиҳати иштироки фаъолашон дар кори маҷлис изҳори сипос намуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баррасии масъалаҳои зерин ба миён
гузошта шуданд.
1. Баргузор намудани
маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур;
2. Гузориши муовини
раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” - и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
3. Даъвати
Конференсияи XXXV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур;
4. Масъалаҳои ташкилӣ;
Ҷиҳати баррасии
масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ -
интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ҷадвали
баргузории маҷлисҳо барои тасдиқ мавриди муҳокима қарор дода шуда, оид ба он
қарори дахлдор қабул гардид.
Вобаста ба баррасии
масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии
“Дониш” - и ҲХДТ дар ДМТ - Шарифзода Ҷамолиддин оид ба татбиқи ҳадафҳои
оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври муфассал ироа
гардид.
Дар робита ба баррасии
масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар давоми дувуним соли охир, муайян намудани
самти фаъолияти корӣ ва вазифаҳо барои минбаъда қайд гардид, ки Конференсияи
XXXV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур 27-уми
августи соли 2024 даъват карда шавад.
Дар ин радиф,
масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ аз ҷониби раисикунандаи ҷаласа ва аъзои
Кумитаи иҷроия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Масъалаҳои дар маҷлис
матраҳгардида, аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дастгирӣ ёфта, бо
ҷонибдории ҳайати Кумита оид ба ҳар як масъала қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ
карда шуд.
Дар идомаи маҷлис
ҷиҳати расонидани дастури методӣ ва маълумотҳои дақиқ дар бораи баргузор
намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ,
инчунин, доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон,
мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ –
Ширинбеков Садриддин ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе –
Муродов Ҷурабек баромад намуданд.
Зимни баромадҳо доир
ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ба
масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати
баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тақвияти корҳои
таблиғотӣ, фаъолияти дохилиҳизбӣ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб,
риоя намудани одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ ба масъулини
кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо дода шуд.