Вохӯрии роҳбарияти ҲХДТ бо собиқадорони футболи тоҷик таҳти унвони “Пайванди наслҳо”

2024-06-05

Боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст, ки дар қатори 4 ташаббуси Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, инчунин ташаббуси навбатии кишвари мо оид ба эълон намудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, дар бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ - СММ қатънома қабул гардид.

Ин бори дигар аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)ҳамзамон Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол дар Тоҷикистон ва эътирофи он дар сатҳи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.

Ногуфта намонад, ки дар саросари дунё Рӯзи ҷаҳонии футболро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд, аз ҷумла 7 майи соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ кишварҳои узв барои нахустин бор аз ин маърака истиқбол гирифта шуд. Дар ин радиф, санаи 5 июни соли равон, дар асоси қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 15 майи соли равон, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, дар доираи эълон намудани “Ҳафтаи футбол дар ташкилотҳои ҲХДТ” ва бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, дар Клуби “Комюнити Душанбе” таҳти унвони “Пайванди наслҳо” вохӯрии Роҳбарияти ҲХДТ бо собиқадорони футболи тоҷик, варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ ва футзалбозони тимми миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Маҳмадшо, директори Академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе Равшан Бахтӣ, директори МД телевизиони “Варзиш” Нориён Парвиз, собиқадорони футболи тоҷик, варзишгарони шинохта ва бозингарони тимми миллии футзал иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз намуда, аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик ёдовар шуда, иброз доштанд, ки КИМ ҲХДТ барои рушди варзиш дар Тоҷикистон тамоми шароитҳои заруриро меандешад. Рушди варзиш алалхусус, дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамзамон варзиш вақти холигии наврасону ҷавононро пур намуда, аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин медорад.

Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки мо аз ин пеш бо ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ шуда будем ва имрӯз бори дигар бо пешниҳоди “Рӯзи ҷаҳонии футбол” моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва он рӯз дер нест, ки футболбозони мо бо натиҷаҳои баланди футболи худ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгарӣ миллат хоҳанд шуд.

Сипас, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон низ аз дастоварди варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ изҳори назар  намуда, зикр кард, ки ташаббуси навбатии кишвари мо оид ба эълон гардидани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад. Ӯ аз дастовардҳои футболи тоҷик ёдовар шуда зикр намуд, ки соли ҷорӣ ду дастоварди футболбозони мо қобили ситоиш аст, яке ин роҳ ёфтани дастаи мунтахаби футзали мо ба Ҷоми Осиё мебошад ва аз миёни 56 кишвари Осиё дар қатори 8 дастаи беҳтарин мавқеъ гирифтани мунтахаби миллии меҳан мебошад. Инчунин, мавсуф ҷиҳати роҳандозӣ намудани “Ҳафтаи футбол дар ташкилотҳои ҲХДТ” ба роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Дар рафти чорабинӣ навори суҳбати ду нафар футболбозони дастаи овозадори “Помир”, дар Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд,  манзури ҳозирин гардонида шуд.

Боиси тазаккур аст, ки, дар охирин рӯзҳои моҳи апрел дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 ба қатори 4 дастаи беҳтарин ворид шуд ва акнун бори аввал дар таърихи футзали кишвар онҳо соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футзал гардиданд. Дар ин радиф  сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ва бозингарони меҳварии даста таассуроти худро аз рафти чорабинӣ иброз доштанд.

Инчунин, собиқ сармураббии дастаи номдори “Помир” Шариф Назаров иштирокчиёни вохӯриро бо “Рӯзи ҷаҳонии футбол” муборакбод намуда, афзуд, ки бозии футбол дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, барои солим ба воя расидани насли наврас аҳаммияти бузург дорад.

Ҳамзамон, аз ҷониби хонандагони Мактаби байналмилалии Президентии Тоҷикистон дар васфи футбол қироати шеърҳо сурат гирифта, аз ҷониби сарояндагони мумтоз сурудҳои дилнишин манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Дишод Ҷӯразода ва собиқ дарвозабони “Помир”-и Душанбе, Раиси ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи хайриявии Шурои собиқадорони варзиши Тоҷикистон, Алиаҳмад Мирзоев варзишгарон ва ташкилкунандагони чорабинии мазкурро бо Сипоснома, туҳфаҳои молиявӣ ва хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Чорабинӣ дар руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён расид.

 

Маркази таҳлил ва иттилооти

 Дастгоҳи КИМ ҲХДТ