Нақши фаъолзанон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз
2024-06-05
Баланд бардоштани
мақоми занону бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри
Исфара ва ташкилотҳои ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади
ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ва самарабахши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ дар истифодаи имкониятҳо ва фишангҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби
занону бонувон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ,
ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо, аз ҳисоби ҷавондухтарони болаёқату соҳибмаълумот дорои
ҷаҳонбинии васеъ ва донишҳои касбӣ тарбияи кадрҳои баландихтисос ва афзун намудани
нақши назарраси бонувон дар ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи ҳамаи соҳаҳо ва
амалисозии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
таъмини рушди устувор ва босуботи Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои Оинномавию
Барномавии ҲХДТ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва
тибқи банди 4.1 Оинномаи ҲХДТ дар назди кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ шуроҳои занон ташкил карда шудааст.
Дар маҷлиси навбатии
шӯрои занони назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, ки дар кори он гуруҳи калони
фаъолзанон, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ва маҳаллаву хонаҳои баландошёна,
вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, собиқадорони ҳизбу меҳнат ширкат
варзиданд.
Ҷӯраева Гулафзо, раиси
КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар мавзуи “Фаъолзанон - иштирокчиён ва саҳмгузорони
асосӣ дар амалисозии вазифаҳо ва нишондодҳои барномавии ҳизб ва роҳбари
муаззами он” бо маъруза, ки фарогири тамоми самтҳои кори ҳизбӣ вобаста ба
масъалаи мазкур буд, баромад намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки
соли 2023 ва семоҳи соли ҷорӣ дар маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва раёсати он
13 масъала вобаста ба ҳолат ва чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани
мақому манзалати занон муҳокима карда шуд.
Аз миқдори умумии
аҳолии шаҳри Исфара 49,6 фоизро занон ташкил медиҳанд. Миқдори аъзои ҲХДТ аз
ҳисоби занон ба санаи 01.04.2024 10042 нафар буда 58,4 фоизи аъзои ҳизбро
ташкил медиҳад.
Давоми 24 соли охир
аъзои ҲХДТ дар маҷмуъ 21 маротиба афзудааст. Миқдори занону бонувон бошад 31
маротиба зиёд шудааст. Ин далел шаҳодати сидқан, аз таҳти дил ва амалан дастгирӣ
намудани сиёсати хирадмандонаю оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аз ҷониби занону бонувони шаҳри
Исфараи бостонӣ мебошад.
Давоми ду соли охир аз
миқдори умумии ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шуда, 71 фоизаш бонувони 19 – 31 сола
буда, 83 фоизашон дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Дар соли 2023 аз 211 ташкилотҳои
ибтидоӣ 116 ададашон 786 нафарро ба узвияти ҲХДТ қабул карданд, ки аз он 552
нафарашон занон буда, бо кордонию ташаббускорӣ, муносибати дилсӯзона ба иҷрои
вазифаҳои хизматиашон барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.
108 ташкилотҳои
ибтидоиро (51 фоиз) занону бонувон сарварӣ менамоянд.
Шӯрои занони назди КИ
ҲХДТ дар шаҳри Исфара давоми 2 солу се моҳи сипаришуда ҳафт маротиба маҷлисҳои
фаъолзанон баргузор намуда, дар онҳо ҳисоботи се нафар раисони ҷамоатҳо ду
нафар мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, панҷ нафар раисони
ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба
паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҳизбӣ шунида, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва нақши
занон дар ин кор қарорҳои дахлдор қабул ва мавриди амал гардиданд.
Дар аксарияти
ташкилотҳои ҳизбӣ шуроҳои занон амал намуда истодаанд. Ба ҳайати ин шуроҳо
фаъолзанони соҳибэҳтиром интихоб гардиданд.
Бо аъзои шуроҳои занон
машваратҳои дастурдиҳӣ баргузор ва онҳо бо дастурамалҳо таъмин карда шуданд.
Давоми солҳои
2022-2023 миқдори роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои ташвиқотӣ аз ҳисоби занону
бонувони фаъол аз 46,3 фоиз то ба 68,9 фоиз расонида шуд.
Дар пешбурди корҳои
фаҳмонидадиҳии сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати мамлакат, мазмуну моҳияти
нуқтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва
дигар ҳуҷҷатҳои муҳим дар байни занони хонашин, шаҳрвандони бекор, нафақахурон
ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ҳамаи 12
ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва зиёда 180 маҳаллаҳои аҳолинишин тариқи “хона ба
хона” ва “кӯча ба кӯча”, занон нақши муассир дошта, 48,9 фоизи раисони шуроҳои
маҳаллаҳо аз ҳисоби занон мебошанд. Ин нишондод нисбат ба се соли пешин 12 фоиз
зиёд аст.
Дар таҳия ва қабули
қарорҳо, ҳуҷҷатҳои муҳим 107 нафар занону бонувон, ки вакилони маҷлисҳои
маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳастанд, фаъолнокии баланд
зоҳир намуда, сазовори боварии интихобкунандагони ҳавзаҳои интихоботиашон
ҳастанд.
Дар
соҳаи маориф бошад, 2133
нафар занон ба тарбияи насли наврас машғул буда, кушиш менамоянд, ки наврасонро
тибқи ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби
Халқии
Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар руҳияи баланди хештаншиносию меҳанпарастӣ, садоқат ба
арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Аз се ду ҳиссаи муассисаҳои таълимиро занону бонувон
роҳбарӣ менамоянд.
2655 нафар занон, ки
73 фоизашон аъзои ҲХДТ ҳастанд, дар соҳаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар
таъмини сиҳатии мардум заҳмат мекашанд. Ҳар як дуюмин корманди бахши фарҳанг
бонувон буда, дар пешбурди маънавиёти мардум нақши созгор доранд.
Дар амалисозии ҳадафи
чоруми стратегии давлат-саноатикунонии босуръати мамлакат нақши занон -
кормандони соҳаи саноат афзуда истодааст.
Лекин таҳлилу
натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида бо назардошти имкониятҳои истифоданабурда ва вазифаҳои
дар пешистода Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро муаззаф
менамоянд, ки барои дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда ва мутобиқ
намудани тарзу услуби корбарӣ тибқи ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон кӯшиш намоянд.
Дар муҳокимаи маъруза
Ӯлмасова Саидахон – сарҳамшираи “Беморхонаи марказии шаҳр”, муовини раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, Ҳасанова Зайнура – раиси кумитаи иттифоқи касабаи
кормандони соҳаи маориф, Дилшоди Таҳминаӣ – донишҷӯйи ФДТТИ, Савридинова
Гулафзо Савридиновна – ходими намоёни давлатию сиёсӣ баромад намуда, нисбати
боз ҳам баланд бардоштани нақши занону бонувон, ҷалби ҳар чи бештари онҳо ба
ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори 35 - солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
30 - солагии
таъсисёбии ҲХДТ, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонодухтарони
болаёқат, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақлид
ба фарҳанги бегона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва
дигар масъалаҳои мубрами рӯз таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар маҷлис ҳамчунин
ҳайати нави шӯрои занони назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ҳайати 37 нафар
фаъолзанони барӯманд интихоб карда шуд.
Ҷӯраева Гулафзо –
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара – раиси шӯрои занон ва Раҳимзода Таборак –
мудири бахши бойгонии МИҲД – и шаҳри Исфара – муовини раиси шуро интихоб
гардиданд.