Дар Деваштич бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд мешавад

2024-06-05

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иншоот тариқи ҳашар аз тарафи аъзои ҳизб ва кулли мардуми ноҳия бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Мувофиқи лоиҳа, дар бино 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд. Масъулин азм доранд имсол иншоотро бо сифати баланд ва риояи ҳатмии талаботу меъёри бинокорӣ ба истифода диҳанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия фаъолияти муназзам дошта, саҳми кормандон ва аъзои он дар пешрафт ва анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ назаррас мебошад. Дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 9000 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 98 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият доранд.