Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна

2024-06-04

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант бо иштироки директори литсейи мазкур ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо наврасон ва ҷавонон соати сиёсӣ баргузор гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки ба масъалаи мактабу маориф дар низоми сиёсати Роҳбари давлат диққати махсус зоҳир гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои миёна ва олии мамлакат шароити мусоид фароҳам гардидааст. Зикр гардид, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам      Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи солӣ ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат далели рушани гуфтаҳои боло буда, баҳри беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим, омили пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат хело бамаврид ёдовар шуданд, ки дар ҷаҳони имрӯз асоси муваффақият илму дониш буда, барои соҳибкасбу соҳибмаърифат гардидани насли ҷавон бар зиммаи омӯзгор масъулияти бузург гузошта шудааст. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи давлатдории миллӣ ва ҳимояи амнияти ҷомеа, сулҳу субот ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва омӯзгорон мебошад.