МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЭҲЁ” - И ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНО БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-06-04
Бо мақсади таъмини
иҷрои қарори
Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва дастуру
супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали баргузории
маҷлисҳои ҳисоботӣ - инихоботии ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ аз имрӯз
маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Эҳё”,
баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис
Ҳабибзода Зоҳир – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, аъзои ташкилоти
ибтидоии ҳизбии “Эҳё” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори маҷлис
масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд:
- ҳисоботи раиси
ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳё» дар давраи аз моҳи
июни соли 2023 то моҳи
июни соли 2024;
- интихоби ҳайати
Раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ;
- - интихоби вакилон
ба Конференсияи 44 - уми Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Сино.
Сараввал,
аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Эҳё” Фозилзода Ш.М.,
шунида шуд. Сипас, узви ташкилоти ибтидоӣ Шаҳбоз Назаров вобаста ба фаъолияти
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли
2024 ба музокира баромада, дар маҷмуъ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш
арзёбӣ намуд.
Вобаста
ба масъалаҳои интихоби ҳайати Раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ
раиси кумитаи иҷроия Зоҳир Ҳабибзода, ва дигарон баромад намуда, пешниҳод
манзур намуданд, ки Раёсати ташкилоти ибтидоӣ дар ҳайати 5 нафар:
1.Ҳабибзода
Зоҳир Иззат
2.Фозилзода
Шуҳрат Мақсуд
3.Абдуллоев Салоҳиддин
Ҷамолиддинович
4.Юнусова Рухшона
Сироҷовна
5.Қурбонализода
Манучеҳр интихоб карда шаванд.
Фозилзода Шуҳратҷони
Мақсуд - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Обидова Шарифмоҳ - муовини раиси ташкилоти
ибтидоии “Эҳё” интихоб карда шуданд.
Бо пешниҳод ва
ҷонибдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ Ҳабибзода З.И. ва Қурбонализода М.Қ., ҳамчун вакил аз ташкилоти ибтидоӣ
ба конференсияи навбатии ҲХДТ дар ноҳияи Сино пешбари гардиданд.
Дар фарҷом Раиси КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Сино муҳтарам Ҳабибзода Зоҳир аз суханронии Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, иброз доштанд,
ки: “Ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегияи Ҳукумат, такмил додани
низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи
ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро
мегузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ
будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва
сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли
мост”. Аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пос
доштани Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ҳуввияти миллӣ,
муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои
ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва
маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон, тарбияи онҳо дар
рӯҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин
вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори ҷашн гирифтани 30-солагии
таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои
иловагӣ андешанд.