Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид

2024-06-03

Дар толори маҷлисгоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин - муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор, Назризода Абдуфаттоҳ – муовини раиси шаҳри Ҳисор, аъзои кумитаи иҷроия ва баъзе раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:

- ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Муъминобод №21” Набиева Матлюба «Оид ба амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботӣ, омӯхтан ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани таклифу дархостҳои интихобкунандагон»;

- ҳисоботи раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сино” “Дар бораи қабул ба узви ҲХДТ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб ва роҳҳои баланд бардоштани сифати корбарӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сино»»;

- дар бораи таъсиси ситоди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар давраи маъракаи сиёсии “Обуна - 2025” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ”;

- дар бораи тасдиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2024;

- даъвати конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор;

- тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор;

- тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб;

- тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ;

- масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Муъминобод №21” Набиева Матлюба «Оид ба амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботӣ, омӯхтан ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани таклифу дархостҳои интихобкунандагон» шунида шуд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Қараев Илҳом - раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сино”, “Дар бораи қабул ба узви ҲХДТ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб ва роҳҳои баланд бардоштани сифати корбарӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сино»» шунида шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр намуд, ки маъракаи муҳими сиёсии дохилиҳизбие, ки кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар он фаъолона иштирок менамоянд, обуна ба нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” мебошад.

Мусаллам аст, ки нашрияи ҳизбӣ инъикосгари фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таблиғгари ғояҳои созанда, вусъати раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иттилоотонии мардум ва ҷонибдорони ҳизб доир ба вазъи зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳони муосир буда, солҳои охир серхонандатарин нашрия ба шумор меравад. 

Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор таъкид намуд, ки обуна ба нашрияи ҳизбӣ дар давраи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дошта, аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қобили зикр аст, ки дар шароити ҳозираи пешрафти ҷомеа, таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ нақши васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ торафт меафзояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар баробари вусъат бахшидан ба фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ, пеш аз ҳама, нашрияи марказии ҳизб “Минбари халқ” робитаро бо дигар расонаҳои хабарӣ тақвият дода, ба он муваффақ гардем, ки ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳо манзур карда шавад”.

Гуфта шуд, ки мутаасифона дар маъракаи сиёсии “Обуна-2024” дар соли 2023 баъзе раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нақшаи ба зиммаашон гузошташударо иҷро накарданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ роҳандозӣ ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст намудани нақшаи “Обуна-2025” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” дар шаҳри Ҳисор Ситоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур Давлатзода Ҷамила – раиси ташкилоти ибтидоии “Омӯзгорон” ва Асоев Қурбонмурод – сармуҳаррири нашрияи “Ҳисори Шодмон” суханронӣ намуда, оид ба моҳияти маъракаи сиёсии обуна ба нашрияҳо фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар идома масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис аз ҷумла, дар бораи тасдиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2024, даъвати Конференсияи ХХI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, дар алоҳидагӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар маҷлис Каримзода Сироҷиддин – муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар маъракаи “Обуна -2025” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” ва нашрияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор “Ҳисори Шодмон” ва дигар масъалаҳоро таъкид намуда, аз фаъолони ҳизб даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ масъулиятшинос бошанд.

Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор аз аъзои кумитаи иҷроия ва фаъоли ҳизб даъват ба амал овард, ки барои иҷрои қарорҳои маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар партави ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоем.