«Пешвои миллат - бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш»

2024-06-03

Санаи 1 июни соли 2024 дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи мулоқоти ду насл таҳти унвони “Пешвои миллат - бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол!” доир шуд.

Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовинони раиси Кумита, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш ҳозирин аз намоишгоҳи дастовардҳои самти кор бо ҷавонон шинос шуда, филми таҳиянамударо, ки фарогири таърихи дирӯзу имрӯзи самти кор бо ҷавонон ва варзиш буТоҷикистони соҳибистиқлол буд, тамошо намуданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб шуда, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар ҳамоиш сиёсати ҷавонон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ унвон шуда, нақши ҷавононро дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар идома ба хатмкунандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» шаҳодатнома супорида шуда, ҳамзамон аз номи тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон «Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон», ки он аз хоки тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сохта шудааст, тақдим гардид.

«Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон» дар доираи моҳвораи ҷавонон бо хусусияти хоси миллӣ сохта шуда, ҳамчун рамзи муттаҳидию сарҷамъӣ ва дӯстии тамоми ҷавонони Тоҷикистон туҳфа гардид.