Тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд
2024-06-03
Бахшида ба Рӯзи
байналмилалии кӯдакон ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони
нобинои шаҳри Ҳисор тӯҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.
Иттилоъ бояд дод, ки
дар маросими супоридани тӯҳфаҳо Мавлон Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, Қурбонзода Далер – сардори Хадамоти давлатии
назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Юлдошзода Бунафша – муовини раиси шаҳри
Ҳисор, кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда,
тӯҳфаҳоро, ки аз қабили сару либос, бастаи шириниҳо ва маводи озуқаворӣ буданд,
ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор тақдим
намуданд.
Дар суханронии худ
Мавлон Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи
ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику
муборак гуфта, зикр намуд, ки дар сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
қишри ниёзманди ҷомеа дар мадди аввал қарор доранд.
Бо мақсади таъмини
ҳифзи иҷтимоии кўдакон, хусусан кўдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ,
таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи
моддии кўдакон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрўз тадбирҳои зиёде андешида
шудаанд ва ин раванд бо таваҷҷӯҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон пайваста идома ёфта истодааст.
Тавре зикр гардид ғамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони
бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахўрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари Барномаи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон барои
давраи солҳои 2020-2025 қарор дорад, ки иҷрои он бо маром идома дорад.
Васеъ ҷорӣ шудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баландтар гаштани сатҳи фарогирии кўдакони маъюб бо
хизматрасониҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, самти афзалиятноки
сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб
мегардад, афзуд Мавлон Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Тибқи ҳидоят ва
роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳама гунна
ҷашну маросимҳо ба бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ва ниёзмандон кумак расонида
мешавад.
Гуфта шуд, ки дар
партавӣ сиёсати созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии мамлакат пурра таъмиру
азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва муҷҷаҳазгардонида шуданд.
Сипас барномаи рангини
фарҳангии омода намудаи хонандагони Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони
нобинои шаҳри Ҳисор, ки саршор аз тантанаи сулҳу субот, ифтихор аз давлатдории
миллӣ, шукургузорӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тараннуми эҳсоси гарми кӯдакон
буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.
Бо баргузории чунин як
иқдоми неку шоиста хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои
шаҳри Ҳисор Рӯзи байналмилалии кӯдаконро бо хушҳолии зиёд таҷлил намуданд.