Пешвои миллат - поягузори парлумони даврони истиқлол
2024-06-03
Конфронси
IV байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар
шаҳри бостонии Кӯлоб дар шароите баргузор гардид, ки кишвар таҳти сарварии
Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
тавассути меҳнату заҳмати фидокоронаи халқи азизамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти
иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи
ҷаҳонӣ чун кишвари сулҳхоҳ, бофарҳанг, ободкор, ташаббускори ҳалли мушкилоти
глобалӣ дар соҳаи обу иқлим шинохта шуда, обрўю нуфузи бештаре пайдо карда
истодааст.
Воқеан
ҳам, аксари сарони кишварҳои олам дуруст қайд намудаанд, ки мо миллати хуштолеъ
мебошем, ки чунин Пешво ва Сарвари оқилу фарзона дорем.
Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори парлумони даврони истиқлолияти Ватан
мебошанд.
Бояд
зикр намуд, ки ташаккули давлати муосири тоҷикон дар охири асри ХХ, ки бо ба
даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ба воқеият пайваст, яке аз саҳифаҳои рангину
пурифтихори таърихи миллати мо ба шумор меравад.
Агар
ба таҳлили ин равандҳо назар андозем, пас, бидуни шакку шубҳа, фаъолияти
созандаю фидокоронаи Сарвари давлат аз ҳамон рўзҳои ба сифати Раиси Шурои Олӣ
интихоб шуданашон пеши назар меояд.
Маҳз
дар меҳвари ҳамин фаъолияти созандаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
мавқеи парлумони мамлакат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ намоёнтару миёни
сокинони кишварамон маҳбубтар гардид. Зеро, Парламент дар симои Шурои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар ҳошияи воқеияти барҳамхўрии низоми Шуравӣ
24-уми августи соли 1990 Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва 9-уми сентябри соли 1991
Эъломияи Истиқлолияти давлатиро қабул кард, вале бо сабаби рақобатҳои минтақавӣ
ва мансабталошиҳо натавонист вазифаи идоракунии равандҳои сиёсии ҷомеаро ба
манфиати эъмори давлати миллӣ пурра иҷро намояд.
Бо
дарназардошти нооромии ҷомеа дар шаҳри Душанбе бо ибтикори як гурӯҳ вакилони
Шурои Олӣ зарурати даъвати иҷлосияи ғайринавбатӣ дар Қасри Арбоби шаҳри
Хуҷанд ба миён гузошта шуд.
Иҷлосияи
шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои
таърихии миллати тоҷик дар асри ХХ мебошад.
Намояндагони
мардумӣ дар ин рўзҳои пурэҳсос, ки ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон бо дарназардошти
манфиатҳои миллӣ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳоротро ба тасвиб
расониданд, ки нақши онҳо барои муътадил кардани ваъзи буҳрони сиёсии
Тоҷикистон ва таъмини сулҳу оштӣ бисёр бузург аст.
Зикр
кардан зарур аст, ки таҳти роҳбарияти Шурои Олӣ ҳамчун мақоми олии идоракунии
давлатӣ пас аз Иҷлосияи шонздаҳум барои таъмини заминаҳои ҳуқуқии интихоби роҳи
дурусти давлатдорӣ ва тарҳрезии шакли муносиби идоракунии давлатӣ саъю талош
намуд.
Бо
ташаббуси Роҳбари давлат баҳри таҳияи қонуни асосии кишвар - Конститутсия, ки
дар он бояд мақсад, ҳадафу маромҳои сиёсии халқи Тоҷикистон барои бунёди
давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ инъикос меёфт, иқдом гирифта шуд.
Вобаста
ба ин масъала, Роҳбари давлат моҳи декабри соли 1993 ба мардуми Тоҷикистон
муроҷиат намуда, изҳор доштанд: “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди
давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин,
ман дар андешаи онам, ки бояд Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ
карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима,
таҳрири ниҳоии лоиҳаи Конститутсия ва гузаронидани раъйпурсии умумӣ он қабул
шавад”.
Ҳамин
тавр, пас аз ду моҳи муҳокима бо таҳлилу ба инобат гирифтани аксари пешниҳодҳои
воридшуда 6-уми ноябри соли 1994 он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул
гардид.
Дар
заминаи ислоҳоти конститутсионии мазкур минбаъд идоракунии давлати Тоҷикистон
ба шакли президентӣ гузашта, мақомоти олии намояндагӣ дар шакли Маҷлиси Олӣ
таъсис ёфт.
Ҳамчунин,
бояд таъкид кард, ки 26-уми сентябри соли 1999 бо баргузор кардани Раъйпурсии
умумихалқӣ бори аввал ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо
ворид карда шуд.
Дар
натиҷа Маҷлиси Олии дорои ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон
таъсис ёфт.
Санаи
27-уми марти соли 2000-ум Маҷлиси намояндагон дар ҳайати нав ба фаъолияти
қонунгузорӣ ва намояндагии худ шуруъ намуд.
Имрӯз
бо боварии комил метавон гуфт, ки мақоми олии қонунгузори кишвар тўли бештар аз
сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва
намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист маҷмуи асосҳои ҳуқуқии кишварро
ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.
Бояд
қайд намуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се
фраксия - Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби аграрии
Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва гурўҳи вакилони
ғайриҳизбӣ фаъолият доранд.
Фраксияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси муаззами ҳизб
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карда, баҳри амалисозии ҳадафҳои
наҷибу олии ҳизб, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи
мардум равона гардидааст, фаъолият менамояд. Аз 63 нафар вакилони мардумӣ 42
нафар, аз он 14 нафарашон занҳо буда, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва баррасии қонунҳо дар
давоми даъвати шашум 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19
қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои
конститутсионӣ, 185 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои
амалкунанда, 117 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия
ва манзур карда шуда, аз он 293 қонун қабул гардидааст. Инчунин, беш аз 164
созишномаву протоколҳо тасдиқ карда шуданд.
Ҳамаи
қонуну қарорҳое, ки дар Маҷлиси намояндагон ба тасвиб мерасанд, дар асоси
стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, ба хотири ояндаи Тоҷикистон,
таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи маданӣ ва иртиботи он бо ҷомеаи башарӣ
нигаронида шудаанд.
Имрўз
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги зеҳнӣ, амалӣ ва
идоракунӣ буда, ба ҳайси як неруи пешбару пурқудрат дар ташаккул ва татбиқи
арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар мамлакат нақши намоён дорад.
Аз
ин рў, ҳар яки моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш ба харҷ диҳем, то барои рушди иқтисоди кишвар ва
зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон шароити аз имрўза ҳам беҳтар муҳайё
намуда, дар қатори мамлакатҳои тараққикарда ҷой гирем.
Дар
фарҷоми сухан бояд як нуктаро зикр намоям, ки бо дарназардошти авзои
пуртаҳаввул ва пешгўинашавандаи ҷаҳони имрўза, бахусус минтақа мо бояд ҳамеша
зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳему дар ғафлат намонем ва аз ҳама
муҳиммаш, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему якпорчагии Ватани азизамонро
ҳифз намоем.
Файзулло
ҚОСИМӢ, муовини
аввали
Раиси Фраксияи ҲХДТ
дар Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон