Кӯдакон ояндасози миллатанд
2024-06-01
Санаи
30 майи соли 2024 тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақша-чорабиниҳои
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
дар кӯдакистони №6 ҷамоати деҳоти Ошоба чорабинии идона таҳти унвони “Кӯдакон
ояндасози миллатанд” доир гардид.
Дар
чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси
Шӯрои собиқадорони ноҳия, мураббиёну волидони тарбиятгирандагони кӯдакистон
иштирок доштанд.
Нахуст,
мудири кӯдакистони мазкур Ҳайитова Лола чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд тамоми кӯдакону наврасонро
ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод намуда, барои кӯдакони
даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, дили беғам, оромию осудагӣ, хандаи
беғубори тифлӣ, лаҳзаҳои беҳтарини умрро таманно кард.
Ҳамзамон,
қайд кард, ки таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол
таваҷҷуҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаи онҳо дошта бошанд. Ғамхориҳои
имрӯзаи Ҳукумати мамлакат бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд
бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат
медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта
истодааст.
Сипас,
раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар баромади хеш зикр дошт, ки дар
тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаёти солими кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври
зарурӣ таъмин будан, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо,
ҳамчун пояи асоси ояндасози миллат аҳаммияти ҷиддӣ дода мешавад.
Барои
боз ҳам хубу хотирмон гардидани чорабинӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони
кӯдакистон шеъру тарона, саҳнаву лаҳзаҳои ҷолиб ва рақсҳои ҷаззоб пешкаши
ҳозирин карда шуд.
Дар
охир аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ба муносибати Рӯзи
байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.