Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар КИИ «Роғун»
2024-06-01
Бо пешниҳоди
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи
футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Созмони
миллали Муттаҳид қатъномаи дахлдор дар бораи «Рӯзи футбол» қабул намуд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ҶСК «НБО Роғун» барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон» бахшида ба «30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон» мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболбозони ғайрикасбӣ дар
шаҳри Роғун миёни ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» роҳандозӣ намудааст.
Санаи
28 майи соли 2024 дар майдончаи варзишии кӯчаи Норакиён (Русал)-и шаҳри Роғун
бозии футбол миёни дастаҳои бозингарони “Рушди манотиқи кӯҳистон” ва “Нурафзо
2010” оғоз гардид, ки ғолибиятро бозингарони дастаи “Рушди манотиқи кӯҳистон”
ба даст оварданд. Сабқати бозингарони дастаи ҶСК “НБО Роғун” бо бозингарони
дастаи “Нур 81” бо ғолибияти бозингарони дастаи ҶСК “НБО Роғун” анҷом
пазируфта, дастаи ҶСК “ТГЭМ бозингарони дастаи “Инвентор”-ро дар бозӣ шикаст
дода ба даври ниҳоӣ баромаданд.
Мусобиқаи
футбол байни дастаҳои футболбозони ғайрикасбӣ дар шаҳри Роғун барои дарёфти
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба «30 солагии таъсисёбии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар самти варзиш бо маром идома дошта,
ғолибон барои дарёфти ҷоми ҳизб талош менамоянд.