Таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон “Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим” дар ноҳияи Шаҳринав
2024-05-31
Санаи 31 майи соли
ҷорӣ, бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Шаҳринав бахшида ба 30 солагии ҲХДТ дар арафаи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар “Мактаб -
интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим” дар ноҳияи Шаҳринав чорабинӣ баргузор
карда шуд.
Дар чорабинии мазкур,
мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Манижабону
Аминзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Шаҳринав Музаффаров Зафар иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки
ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои
асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар баробари дигар давлатҳои
ҷаҳони муосир баҳри ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак тамоми заминаҳои
заруририи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати таълиму тарбияи
дуруст ва дар шароити мусоид ба камол расонидани онҳо тадбирҳои судманд
роҳандозӣ гардидаанд.
Иқдомҳои пайвастаи
Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо,
дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани
кӯдакон равона гардида, сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
Боиси тазаккур
аст, ки дар рафти чорабинӣ бозиҳои варзишӣ аз қабили шоҳмот ва дигар намуди
варзиши сабук баргузор гардида, аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон барои бошандагони Мактаб – интернати мазкур дастурхони идона
ороста шуд. Ҳамзамон ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо аз қабили тубҳои футболу
волейбол, шоҳмот, бадминтон ва барои ду дастаи футболбозон либоси варзишӣ
тақдим карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ бо
ифтихори баланди ватандорӣ, бошандагони мактаб интернати мазкур бо арзи сипос
ва эҳтироми беандоза ба Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.