Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид

2024-05-31

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд низ даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии маҳаллаҳо гузаронида шуда, ғолиби ҷойи аввали мусобиқаи мазкур дастаи “Шабпарак” барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Дар маросими ҷамъбасти даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷандмудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Меҳмонон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст. Зеро давоми чанд соли охир дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои пешрафти ин соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад. Баромадкунандагон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба варзиш бештар машғул гардида, ҳамсолони худро низ ба корҳои муфид ҷалб намоянд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.