Аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

2024-05-31

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакилон аёдати бошандагони Муассисаи таҳсилоти миумумии асосии “Мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе” анҷом дода шуд.

Дастгирии ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон ва табақаи ниёзманди аҳолӣ яке самтҳои асосӣ ва афзалиятноки Барномаҳои Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии мамлакат ба шумор меравад.

Дар остонаи санаҳои миллӣ ва давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва вакилону намояндагони мардумӣ дар асоси барномаи пешазинтихоботӣ, ки аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027 сарчашма мегирад, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа сурат мегирад.

Дар ин замина, барои амалӣ намудани ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат, Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Зувайдуллозода Муҳибулло ва фаъолони ҳизб ба аёдати бошандагони Мактаб-интернат рафтанд. Бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №2, Зувайдуллозода Муҳибулло, раиси ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кудакон ба маъюбони Мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе тӯҳфаҳо тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Театри халқии “Оина” барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Иттилоъ медиҳем, ки айни замон дар муассиса 99-нафар кудакони маъюбу имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, зери ғамхории давлат қарор дода шудаанд.

Зимни боздид бошандагон ва масъулини муассиса ба Роҳбарияти Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.