Ҳифзи марзи Ватан – ҳифзи номус аст
2024-05-31
30 майи соли ҷорӣ, дар
асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар идомаи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ
бахшида 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии № 01 22-и ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
иштироки сарбозони қисми ҳарбии мазкур ва 1500 нафар сарбоз, ки аз қисмҳои
ҳарбии ҳудуди ВМКБ ҷиҳати иштирок дар Паради низомӣ, ки санаи 28 майи соли
ҷорӣ, ба муносибати таҷлили 30 солагии Рӯзи таъсисёбии ҚС КДАМ Ҷумҳурии
Тоҷикистон доир гардид, ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтанд, чорабинии сиёсӣ
баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар, мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе –
Ҳомидзода Насим ва намояндаи қисми ҳарбии №01 22-и ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти баромадҳо
қайд гардид, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус
дар Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки
ҳифзу ҳимояи хатти марзи Ватанро бар уҳда дорад, ҳазорҳо ҷавони аз ҷиҳати
ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори
миллӣ бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолӣ ва амну субботи кишвар дар ҳифзи
марзу буми Тоҷикистони маҳбуб ва таҳкими сулҳу оромии он камари ҳиммат баста,
ҳифзи сарҳади Ватанро ҳифзи номуси худу наздикони худ дониста, сарбаландонаву
шарафмандона адои хизмати Модар - Ватан мекунанд.
Дар идома, як гурӯҳ
сарбозони ҷасуру далер ва ҷонфидои Ватан, ки дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ВМКБ,
баҳри ҳифзи хатти марзи Ватан, содиқонаву софдилона адои хизмат карда
истодаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаву сипосномаи Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Пас аз фарҷоми
чорабинии сиёсӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои ҳамаи
сарбозони мазкур, ки дар ҳифзи хатти сарҳади давлатӣ сина сипар намудаанд,
хӯроки нисфирӯзӣ дода шуд.