Ифротгароӣ ва хатари он ба давлатдории миллӣ

2024-05-30

Дар ҷаҳони муосир яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба давлатдории миллӣ ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Олимону коршиносони масоили сиёсӣ таърифи гуногуни мафҳуми ифротгароиро пешниҳод намуда, онро аз паҳлуҳои гуногун маънидод мекунанд. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми “ифрот” бо маънии аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан, аз андоза берун баромадан ифода ёфтаст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” мафҳуми мазкур чунин маънидод шудааст: “экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”.

Дар шакли умум, ифротгароӣ ин ифодаи ҳама гуна амал ва рафторест, ки хусусияти берун аз ҳадди эътидол дорад. Мутлақгардонии арзишу суннат, ғоя, фаҳмишҳо ва рафтору амале, ки берун аз ҳадди эътидол буда, суботу низомро халалдор месозад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” хусусияти хатарзо доштани зуҳуроти экстремизмро барои ҷомеа хеле амиқ ва мушаххас шарҳ додааст. Дар он омадааст, ки “фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд”.

Дар ин замина метавон хулоса намуд, ки ифротгароӣ, хусусан ифротгароии эътиқодӣ пайомадҳои вазнин дошта метавонад. Он асосҳои мафкуравии ҷомеаро заиф гардонида, нифоқу зиддиятро пурзӯр мекунад.

Таҷрибаи сиёсии кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки маҳз ифротгароии эътиқодӣ боиси вусъат пайдо намудани парокандагӣ ва тафриқаандозӣ дар ҷомеаҳо мегардад ва заминаи шикасти онҳоро муҳайё мекунад.

Таҳаммулнопазирӣ ва эҳтирому эътироф накардани ақидаи дигарон, ботил шуморидани арзишу меъёр ва донишу ғояҳои умумипазируфта, худнамоишдиҳӣ ва зоҳирпарастӣ дар иҷрои ниёзҳои эътиқодӣ ва маҷбур сохтани дигарон ҷиҳати пайравӣ ба онҳо, нишон додани фарқияти мансубияти мафкуравии худ тавассути рафтори дағалу зиддиқонунӣ нишонаҳои рафтори ифротгароёна мебошанд, ки ҳамаи онҳо чун натиҷа зиддият, ихтилоф, бадбинии миллию мазҳабӣ ва дигар пайомадҳои манфиро дар бар доранд.

Дар шароити вусъат пайдо намудани равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйирпазирии низоми сиёсии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, заифгардии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтиром нагузоштан ба истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳои миллӣ хавфу хатарҳо ба пойдории давлатҳои миллӣ хеле зиёданд. Дар ин маҷмуъ, ифротгароии эътиқодӣ, ки дар пайи худ бегонашавии фарҳангиро низ дорад, яке аз таҳдидҳои ҷиддие мебошад, ки имкони фарохи нест кардани ҳувияти миллӣ ва давлатию шаҳрвандиро дар пай дорад.

Тафриқаандозӣ ва зиддиятбарангезие, ки ифротгароии эътиқодӣ ба вуҷуд оварда метавонад, қудрати шикасти заминаҳои устувори муносибатҳои ҷамъиятиро соҳиб аст. Маҳз дар заминаи роҳандозии ифротгароии эътиқодӣ тафриқа, ихтилоф ва зиддият метавонад то сатҳи нахустунсури ҷомеа - оила поён фарояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ифротгароии эътиқодӣ ҳатто аъзои як оиларо дар сангарҳои мухолиф қарор дода, ба шикасти арзишҳои сунатии мо оварда мерасонад.

Мо медонем, ки рафтори шахс дар ҷомеа ҳатман дар доираи маҷмуи арзишу суннат ва меъёрҳое сурат мегирад, ки ҷомеаи мавриди назар онро пазируфтааст. Тавассути онҳо ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, худшиносии миллӣ устувор мегардад, ифтихори ватандӯстӣ пойдор гашта, ғурури давлатдорӣ ва соҳибватанӣ ташаккул меёбад. Агар ба ин замина осеб расад, пас бояд дониста бошем, ки давлатдории миллӣ зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, таъмини муқовиматпазирии устувор ба ифротгароии эътиқодию фарҳангӣ ба ибораи Пешвои муаззами миллат “қарзи шаҳрвандӣ, рисолати инсонии ҳар як шаҳрванд аст”.

Бояд қайд намоям, ки ягон ташкилоту равия ва ҳаракати экстремистию террористӣ, хоҳ он байналмилалӣ бошад, хоҳ минтақавӣ хусусияти “худрӯӣ” надорад, яъне худ ба худ ташаккул наёфтааст. Ҳар яки онҳо парвардаи қудрати геополитикии муайяне мебошанд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ташкил карда шуда, ҳамчун василаи ба даст овардани мақсадҳои муайян истифода бурда мешаванд. Таҳлили равандҳои муосири сиёсӣ инро собит менамоянд.

Мутаассифона, маҳз чунин муносибат раванди муборизаро бо онҳо мушкил гардонидааст. Яъне, мавҷудияти стандартҳои дугона дар мубориза ба муқобили экстремизму терроризм яке аз омилҳои нерумандии ҳаракату равияҳои террористӣ шудааст. Дар ин ҷараён аз ҳама амали таассуфовараш ҳамин аст, ки истифодаи террор ба сифати василаи мубориза байни давлатҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Агар дар бораи истифодаи он даҳсолаҳо пеш пардапӯшона сухан мегуфтанд, имрӯзҳо мо мебинем, ки онро рӯйирост эътироф мекунанд. Ин бошад, раванди муборизаро бо ин зуҳуроти хатарнок хеле мушкил мегардонад.

Хусусияти глобалӣ касб намудани ин мушкилӣ, пеш аз ҳама, вижагиҳои хоси худро дошта, мавҷудияти низоми ташаккулёфта, маблағгузории даркорӣ, низоми мукаммали таъсиррасонии иттилоотӣ ва психологӣ, ташкили кори таблиғотии фардӣ, истифодаи васеи воситаҳои техникӣ, дарёфти иттилоот ва истифодаи он барои ҷалби гурӯҳҳои осебпазир муваффаққияти кори гурӯҳҳои террористиро таъмин карда истодааст.

Яке аз хусусиятҳои хатарзоии ҷараёнҳои иртиҷоӣ ё ҳаракатҳои ифротгароёна дар он аст, ки ҷомеаҳоро дар ҳоли буҳронҳои амиқи мафкуравӣ, иқтисодӣ ва вазъиятҳои шадиди сиёсӣ дучор мекунанд ва оқибат ба фалаҷшавии аркони давлатдории ҷомеаи мавриди назар мебаранд.

Чуноне ки дар боло зикр намудам, дар шароити муосири шадид гаштани муборизаҳои геополитикӣ, бархӯрди рӯйирости абарқудратҳо ва шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон технологҳои сиёсӣ кӯшиш мекунанд, ки аз равия ва ҳаракатҳои ифротгароии эътиқодӣ васеъ истифода баранд, зеро тавассути онҳо ба эҳсоси эътиқодии мардум бозӣ карда, бо истифода аз назарфиребии сиёсӣ имкони ташкили бесуботӣ ва бенизомӣ дар ҷомеаҳо вуҷуд дорад.

Онҳо ба сифати василаи фалаҷгардонии дохилисистемавӣ истифода бурда мешаванд. Мо медонем, ки омили муҳимми таъмини ягонагӣ ва устувории мафкуравӣ дар ҷомеа маҳз мавқеи устувору пойдор ва ташаккулёфтаи мафкуравӣ маҳсуб меёбад, ки он маҷмуи арзишу меъёр, суннату қоида ва тасавуроту ақидаҳоеро дарбар мегирад, ки ифодакунандаи манфиати ҷомеа ва давлат мебошанд.

Тавассути онҳо ваҳдат ва ҳамгироӣ таъмин карда мешавад. Мубрамии масъаларо технологҳои ҳаракату равияҳои ифротӣ хуб медонанд. Маҳз аз ҳамин сабаб талош мекунанд, ки ҳамин замина - яъне, ягонагии идеологӣ ё мафкуравиро тавассути таҳмили ғояҳои ифротгароёна заиф гардонанд. Чун ин замина заифу коста гашт, пас шикасти дигар муносибатҳо, аз қабили иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба осонӣ даст медиҳад. Аз ин рӯ, ба бозӣ даровардани ин механизм барои онҳо самараи чандҷониба медиҳад.

Таҳлилҳои илмӣ ва таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар роҳи мубориза ва муқовимат ба экстремизму терроризм ҳар як ҷомеа василаҳои муборизаи худро бояд дошта бошад.

Қолаби ягона дар ин роҳ метавонад самаранокии заруриро таъмин карда натавонад. Аз ин рӯ, интихоби василаи муассири муқовимат дар заминаи омӯзиши сатҳи осебпазирии ҷомеа дар рӯ ба рӯйи хатарҳои мавриди назар бояд сурат гирад.

Ба ақидаи ман, механизми муассири мубориза ба муқобили ифротгароию терроризм ин ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад.

Қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ заминаи устувори меъёриро дар ин самт муайян намудааст.

Субъектҳои муқовиматкунанда бо экстремизму терроризм ҳам муайян шудаанд, ки дар самти пешгирӣ, ошкор ва муайян намудани амалҳои ифротгароёна ва террористӣ фаъолият карда истодаанд.

Илова бар ин, имрӯз аз ҳар вақта дида бештар фаъол гардонидани механизми ҷамъиятӣ хеле заруру саривақтӣ мебошад. Дар ин роҳ мулоқоти Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин яке аз иқдомҳои беҳтарин маҳсуб меёбад.

Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба моҳияти таҳдидовар доштани хурофоту таассуб ва пешгирӣ аз онҳо барои ҳар як нафар шаҳрванди кишвар ҳушдори амиқест, ки аз он бояд хулосаи зарурӣ баровард.

Пеш аз ҳама, шинохти ҳудуди озодиҳои эътиқодӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хеле муҳим мебошад.

Рушди маориф ва устуворгардонии ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти нафароне, ки дар самти устуворгардонии мафкуравии ҷомеа фаъолият мебаранд, баҳри самаранокии муқовимат дар самти мавриди назар аҳаммияти хос дорад.

Ташкили муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм, муаррифӣ ва шиносонидани василаю усулҳое, ки бо ёрии онҳо террористон ғояву ақидаҳои худро таблиғ менамоянд, ташаккул додани руҳияи зиддитеррористӣ дар ҷомеа, муттаҳидсозии кӯшишҳои мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии терроризм, маҳдуд кардани заминаи иҷтимоии дастгирии терроризм, манъ ва ё маҳдуд намудани дастрасӣ ба маводи хусусияти экстремистидошта ба сифати василаҳое шинохта мешаванд, метавонанд дар муқовимат ба ифротгароиву терроризм таъсири мусбӣ дошта бошанд.

Махфират Хидирзода,

доктори илми фалсафа, профессор