Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” оғоз гардид

2024-05-30

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои дастури КИМ ҲХДТ, дар шаҳри Ҳисор низ даври аввали мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии деҳаю маҳаллаҳо гузаронида шуда, ғолибони даври якум барои иштирок ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Рӯзи 29 майи соли 2024 даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии ҷамотаҳои шаҳраку деҳот, ки дар даври якум ғолиб гардида буданд, оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Каримзода Сироҷиддин – муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор, Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Ибодов Беҳрӯз – раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳи оҳанчиён”, Назруллоев Даврон – директори Клуби футболи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор, Орзуев Диловар – директори Мактаби варзишии ба номи Абдуманон Зокиров, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва дастаҳо бо як овоз суруди миллиро замзама намуданд.

Сипас маросими суханрониҳо сурат гирифта, Каримзода Сироҷиддин, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор ба сухан баромада, ҳамаи варзишгарон ва ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст бо қатъномаи махсуси маҷмааи умумии СММ расман эълон гардид, самимона табрику муборак намуд.

Дар идома гуфта шуд, ки Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои ғайрикасбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор ҳавасмандии зиёд баён намуда, ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор изҳори сипос баён менамояд.

Сипас Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, зикр дошт, ки бо шарофати Истиқлолу озодӣ дастовардҳои сокинони мамлакатамон ба маротиб афзун гашта истодааст, ки дар ин самт дастоварди варзишгарон низ назаррас мебошад.

Дар як муддати кӯтоҳ бо фароҳам овардани шароити созгор, таваҷҷӯҳи рузафзун ба варзиш, ба хусус футбол бо ибтикори беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол рушд карда истодааст.

Иттилоъ бояд дод, ки мусобиқаи мазкур дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва сатҳу сифати нав гузаронида шуда, заминаи мусоид ва таҷрибаи хуберо барои омодагиҳо ба даврҳои минбаъда фароҳам меорад.

Мусобиқаи мазкур оид ба футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи ғайрикасбии шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбад.

Иттилоъ бояд дод, ки дар марҳилаи интихобӣ, ки дар сатҳи деҳаҳо, маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор гардид, аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа оммавияти футбол таъмин гардида, ба даври шаҳрӣ 12 дастаи беҳтарин роҳ ёфтанд.

Сипас мусобиқа байни дастаҳо тибқи муқаррароти Низомнома оғоз гардид.

Аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба ғолибони даври шаҳрии мусобиқа ҷом, медал ва диплом омода карда шудааст, ки дар вазъияти тантанавӣ тақдим мегардад.

Иттилоъ медиҳем, ки ба ғолиби даври шаҳрӣ барои иштирок дар даври минтақавӣ роҳхат дода мешавад.