Меҳанпарастӣ аз омӯзиши таърихи Ватан оғоз мегардад
2024-05-30
Ҷиҳати
иштирок дар конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявии таҳти унвони “Саноатикунонӣ
дар масири рушд” бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва
эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ба вилояти
Суғд гурӯҳи меҳмонон дар ҳайати Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини
якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Хайрулло Амонулло – Раиси
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва
коммуникатсия, Саломиён Муҳаммаддовуд – ноиби Президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, Сафарзода Бахтиёр – муовини вазири саноат ва технологияҳои
нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдухолиқзода – муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вилояти Суғд ташриф оварда буданд, ба маҷмааи “Дуои
Модар”, воқеъ дар саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд омада, дар пояи
муҷасаммаи “Дуои Модар” гулчамбар гузоштанд.
Ҳайти меҳмонони
олиқадрро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси Кумитаи иҷрояии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, Раиси
шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру
ноҳияҳои вилоят истиқбол гирифта, ҳамроҳӣ намуданд.
Сипас, дар “Қасри
фарҳанги Арбоб” ҳайати меҳмонон дар пояи муҷассамаи раиси собиқ колхози
“Москва” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ
(1948-1957) Саихоҷа Урунхоҷаев гулчамбар гузошта, аз осорхонаи “Иҷлосияи XVI
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дидан намуданд.
Пас аз он, ҳайати
меҳмонон ба Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки санаи 11-уми апрели
соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон пас аз навсозӣ мавриди исфода қарор дода шуда буд, ташриф
оварда, дӯконҳои ҳунармандӣ, ошхонаи миллӣ, намунаҳои хонаҳои бостонӣ ва
ҳавлиҳои шаҳри Хуҷанд, меҳмонхона, осорхона, чойхона, дӯконҳои дохилӣ, нуқтаҳои
хизматӣ маишӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасони он дидан намуданд.
Боиси зикр аст, ки
қалъаи мазкур таърихи сеҳазорсола дошта, бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор карда шуд.
Дар охир, ҳамчун рамзи
эҳтиром ва арҷгузоштан ба ашъори шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ҳайати
меҳмонон дар пояи муҷассамаи он воқеъ дар шаҳри Хуҷанд гулчамбар гузоштанд.