Нақши занон дар меҳвари сиёсат
2024-05-30
Саҳми занону бонувони
эҷодкор дар таърихи далвтдории навини тоҷикон назаррас буда, шоистаи таҳсину
тавсиф аст.
Бонувони қаламкаш бо
диди наву нуктасанҷона, навҷӯиву сабку услуби хоси нигориш азпешоҳанги ҷомеъа
мебошанд. Бонувон дар ин масир аз нигоҳи касбият, шуҷоату матонат ва сатҳи
маърифату ҷаҳонбинӣ, дар маҳви бесаводӣ, таблиғу ташвиқи мардум ба корҳои
созандагӣ, маърифатнокӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини ҳуқуқ ва худогоҳии
сокинон, бахусус бонувони кишвар, саҳми бориз гузошта истодаанд.
Бо ибтикори Кумитаи
иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ курси омӯзишии
"Зан - сарвар" барои аъзои ҳизб дар КИИ "Хирадмандон"
ташкил карда шуд.
Дар курси мазкур
ҳайати олимону донишмандони сохторҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон аз ҳисоби занону бонувону навовару иштирок ва бо маърузаҳои илмӣ
баромад намудаанд.
Зикр карда шуд, ки
имрӯзҳо дар асоси сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти
дастгирии занону бонувон, оид ба зиёд намудани шумораи занон дар вазифаҳои
роҳбарикунанда, ҷалби бонувону занон дар самтҳои гуногун, барои пешбурди корҳои
давлату ҷамъият тамоми соҳаҳо муваззаф гардидаанд ва баҳри дар амал татбиқ
намудани сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат кӯшиш ба харҷ дода
истодаанд
Дар робита ба ин,
29-уми майи соли ҷорӣ, дар шумораи навбатии курси мазкур муовини Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон – Мавлон Хайринисо Юсуфӣ ширкат варзида, бо занону
бонувони иштирокдори курс оид ба пешрафту муваффақиятҳо ва сиёсати
хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи занону бонувон мулоқоти
судманд анҷом дод.
Бе муболиға эътимод ва
боварие, ки Сарвари давлат нисбати занону модарон иброз намуданд, ҷавобан ба он
бонувонро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи
инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои
миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода намоянд ва дар
ниҳоди насли наврас тарбия намоянд.
Зеро ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат
мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз занону духтарони
соҳибмаърифат вобаста аст.