"Тоҷикона мепӯшем": бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ВМКБ чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ доир гардид

2024-05-30

Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ВМКБ, КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Хоруғ чорабинӣ, таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем!" баргузор гардид.

Мақсад аз ташкил кардани чунин чорабиниҳо ҷалби сокинон ба фарҳанги либоси миллӣ ва хотима бахшидан ба тақлиду бегонапарастӣ ба дигар миллатҳо маҳсуб ёфта, бо ибтикори аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ пайваста чунин аксия ва чорабиниҳо дар вилоят доир карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди тоҷик дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад. Албатта, тарбия дар самтҳои гуногун ба роҳ монда мешавад ва як ҷузъи он ин тарбияи фарҳанги миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон мебошад.

Ҳар як миллатро бо фарҳанги либоспӯшии он аз дигарон фарқ мекунанд ва либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои сафеду сурх, матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархӯрдор бошем. Моро зарур аст, ки ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаи худро ҳамеша нигаҳбон бошему занону бонувону ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоему аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем.

Миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.