Идомаи вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Дӯстӣ
2024-05-29
Дар
асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, вобаста ба шарҳу
тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ ва баланд
бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва
ҷамоату деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо аъзою ҷонибдорони ҳизб ва сокинони маҳал суҳбату
вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.
Чунин
вохӯрӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода
Абдулҳафиз, муовини раиси ноҳия Мирзосафарзода Ш, намояндаи бахши дин танзими
анъана ва ҷашну маросимҳо, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти
"Деҳқонобод" бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаҳои
Дӯстӣ ва Якатол баргузор карда шуд.
Зимни
суҳбат вобаста ба самтҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози
андеша гардида, бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Қайд
гардид, ки таваҷҷуҳи асосии Роҳбарияти Олии мамлакат ба соҳаи маорифу
тандурустӣ нигаронида шуда, ҳамасола самтҳои мазкур бештар дастгирӣ меёбанд.
Ҳамзамон, қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва
ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бараи масъулияти падару модар дар
таълиму тарбияи фарзанд” зимни суханронӣ тавзеҳ ёфта, таъмини иҷро ва риояи
онҳо таъкид карда шуд.
Инчунин
вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар
рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии онҳо аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби
ифротӣ, пешгирии кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ дар фасли гармо изҳори андеша
карда шуд.