Чорабинии идона ба ифтихори таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”
2024-08-29
Ҳамасола санаи 1 июн
дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мегардад,
ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шумори чунин кишварҳост.
“Рӯзи байналмилалии
ҳифзи кӯдакон” бори аввал ҳанӯз 64 сол муқаддам, соли 1950 дар даҳҳо кишвари
дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки
масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани
шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти
бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд
дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Дар робита ба ин,
имрӯз, 29 майи соли 2024, бахшида ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии кӯдакон, бо
ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар ноҳияи
Шоҳмансур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103-и ноҳияи Шоҳмансур бо
ҷалби кӯдакону наврасони аз маҳаллаҳои Деҳқонобод ва Соҳибкорони ноҳияи
Шоҳмансур, ки дар муассисаи мазкур таҳсил мекунанд, чорабинии идона таҳти
унвони “Мо кӯдакони хушиқболем” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо суханони
ифтитоҳии Каримзода Нилуфар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии
Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Мавсуф баъд аз суханони шодбошӣ,
зикр намуд, ки воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати
бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати
рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила
хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Дар ин радиф, дар
доираи эълон гардидани “Ҳафтаи футбол” бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” низ
миёни кӯдакону наврасон саволу ҷавоб ба роҳ монда шуда, ба фаъолон туби футбол,
туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Сипас, бо иштироки
санъаткорон чорабинии калони фарҳангӣ доир гардид ки ба таъбу завқи бошандагон,
махсусан кӯдакону наврасон таровати дигарро зам намуд.