Сафи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Исмоили сомонӣ меафзояд
2024-05-29
Дар доираи талаботи
банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси муассисони
ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҶДММ “Ребус” баргузор
гардид.
Дар маҷлис Қурбонзода
Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Исмоили Сомонӣ, Ахмедов Зокир – директори ҶДММ “Ребус” ва кормандон иштирок
намуданд.
Ахмедов Зокир нахуст,
сухани ифтитоҳи намуда, вобаста ба фаъолияти ҶДММ "Ребус" ибрози
андеша намуд.
Сипас Қурбонзода
Убайдулло маҷлисро пешбарӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон зери шиори «Барои
пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии
соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ
ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми
тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои
таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу
сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати
татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну
шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кўшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну
моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рушди Тоҷикистони
соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот
мебошад.
Мувофиқи баррасии
рӯзномаи маҷлис кормандони ҶДММ “Ребус”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда,
ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд дар вазъияти тантанавӣ ба
онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.
Мувофиқи талаботи
банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзоёни
ҳизб дар, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфт ва он “Барномасоз” номгузорӣ
карда шуд.
Дар идома тибқи
талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои ҳизб
раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барномасоз”, Ахмедов Зокир ба ҳайси раиси
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Дадабаева Камила муовини раиси ташкилот ибтидоӣ
интихоб карда шуданд.