БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “САНОАТИКУНОНӢ ДАР МАСИРИ РУШД”
2024-05-28
Бо ибтикори Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026
“Солҳои рушди саноат” ва 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ин санаи хотирмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар кохи фарҳангии ба номи Рӯдакии
шаҳри Хуҷанд конфренсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Саноатикунонӣ дар
масири рушд” доир гардид.
Пеш аз оғози
конфренсияи мазкур дар саҳни бинои кохи фарҳанг зиёда аз 35 корхонаҳои саноатии
вилоят ва хоҷагиҳои ёрирасони назди Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии
вилояти Суғд маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Ба меҳмонон, ки аз
дигар манотиқи кишвар ҷиҳати иштирок ба конференсия омада буданд, сифати
баланди маҳсулот ва рақобатнокии он дар бозори ҷаҳонӣ хеле писанд афтод.
Сипас бо ҳузури
Роҳбарияти ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, намояндагон аз вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои
нав, сарварони як қатор донишгоҳу донишкадаҳо, олимону муҳаққиқони муассисаҳои
олии ва миёнааи касбии ҳудуди вилоят, роҳбарони корхонаҳои давлатию хусусии
саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, соҳибкорон, раисони кумиҷроияҳои шаҳру
ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолону собиқадорон ва
намояндагони ВАО конференсия ба кори худ оғоз бахшид.
Кори конфренсияро
Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф меҳмононро ба Суғди
бостон хайрмақдам гуфта, доир ба мавзуи “Дастовардҳои соҳаи саноати вилояти
Суғд дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” маърӯзаи
пурмӯҳтаво намуд. Аз ҷумла, дар баромад зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти
саноатӣ дар вилоят ба маблағи 5892,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин
давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз
таъмин гардид. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи
нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои
андешидашуда давоми се моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи
нав бо 286 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Номбурда аз дастоварди
саноатчиёни шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Гулистон, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон
Ғафуров, Ҷаббор Расулов ёдовар шуда, зикр дошт, ки дар вилоят зина ба зина
коркарди маҳсулоти ниҳоии пахта, сабзавоту мевагиҳо, моҳӣ, равған, оҳану бетон
вусъати тоза касб мекунад.
Баъдан муовини якуми
раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оид ба
“Рушди саноати мамлакат дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон” баромади пурмазмун намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки:
“Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар
ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади
буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда
шаванд”.
Захираю имкониятҳои
Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш
додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу
хизматрасонӣ, хело зиёданд. Дар ҳошияи ибтикороти Раиси муаззами ҲХДТ Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар асоси нақшаҳои барномавии
худ рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намуда, дар доираи татбиқи ҳадафи
саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд
карда, истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот
нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар
созад. Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноатро
беҳбудӣ бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста
имконияти бештар фароҳам оварад. Дар ин бахш фароҳам овардани заминаҳои
қонунгузорӣ ва сохторӣ барои амалӣ намудани барномаҳои миллии инноватсионӣ, дар
соҳаи саноати кишвар бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани коркарди
пурраи ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, тавсеа бахшидан ба фаъолияти
минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ дар кишвар,
таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ барои зиёд намудани коркарди
маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот ва дигар навъҳои
маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки
ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани ҳаҷми
истеҳсоли маҳсулот барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолии кишвар, тавсеа
бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкорӣ
дар соҳаи саноат афзалияти бештарро доро мебошанд. Натиҷаи тадбирҳои зикршуда
имкон медиҳанд, ки дар соли оянда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардад, ҳадафҳои
стратегии кишвар тадриҷан татбиқ шаванд ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ
тағйир ёбад.
Ҳамзамон, Раиси
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва
коммуникатсия, доктори илмҳои техникӣ Амонулло Хайрулло дар мавзӯи “Саноат
омили рушди иқтисод”, ноиби Президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд перомуни
мавзӯи “Иҷроиши ҳадафҳо, нақшаву стратегияҳо ва вазифагузориҳои самти саноат
ҳамчун далел аз амалисозии нуқтаҳои муҳими Паём”, муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, Абдухолиқзода Лутфия дар мавзӯи
“Саҳми соҳаи маориф дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар -
саноатикунонии иқтисодиёт”, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав
Сафарзода Бахтиёр дар мавзӯи “Аҳамияти саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию
иқтисодӣ дар замони истиқлол”, ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода
Ҳомид Ҳасан оид ба “Манбаҳои ашёӣ, кадрӣ ва моддию техникии саноатӣ, ҳолат,
мушкилот ва дурнамои ҳалли он”, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади
илмҳои техникӣ Шаҳриёр Саъдуллозода дар мавзӯи “Фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ
дар саноат, сармоягузорӣ, шарикии бахши хусусию давлатӣ ва дурнамои рушди он”
маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Дар баромадҳо таъкид
шуд, ки рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили
ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат
ва рақобатнокии он, ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ асос
мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ –
индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардид.
Айни замон, дар радифи
соҳаи кишоварзӣ соҳаҳои саноати сабук ва соҳаи саноати хӯрокаи мамлакат яке аз
соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар
солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид шуд ва
таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд. Аз ҷумла, дар самтҳои нассоҷию кешбофӣ,
қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъ, мебел, пашму пӯст ва консерваи меваю
сабзавот, коркарди гӯшту шир ва ташаббусу иқдомҳои наҷиби ватандӯстона рӯи кор
омада, дар баробари бунёди корхонаҳои нав корхонаҳои мавҷудаи муваққатан аз
фаъолият бозмондаву иқтидори истеҳсолиашон камгардида дубора ба кор дароварда ё
таҷдиду навсозӣ шуданд.
Дар фарҷоми конференсия ба як қатор фаъолони ҳизб,
соҳибкорони ватандӯст, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо Сипосномаи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.