МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ ШАҲРВАНДОНРО БАЛАНД БАРДОРЕМ!

2024-05-28

Ҳанўз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Пиряхҳо, бешубҳа як ҷузъи муҳимми табиат мебошанд, аммо онҳо дар асри гузашта таҳти таҳдид қарор доштанд.

Дар натиҷаи фаъолияти инсон, аз ҷумла сўзондани сўзишвории истихроҷшаванда ҳарорати миёнаи замин баланд мешавад. Баландшавии ҳарорати миёнаи замин пиряхҳоро назар ба ҷамъшавии ях дар он зуд об мекунад, ки дар натиҷа микдори умумии пиряхи замин кам мешавад.

Гармшавии глобалӣ як масъалаи муҳиммест, ки сайёраи Замин бинобар сабаби фаъолияти инсон ба монанди сўзондани сўзишвории истихроҷшуда дучор мешавад.

Пиряхҳо ба мо нишон медиҳанд, ки гармшавии глобалӣ то чӣ андоза бадтар шудааст. Пиряхҳо гармшавии глобалиро тавассути обшавии баландшавии ҳарорати миёнаи замини мо нишон медиҳанд.

Манбаи аз ҳама муфиде, ки пиряхҳо медиҳад, оби тоза мебошад. Бисёр дарёҳои ҷаҳон пурра аз обшавии пиряхҳо ғизо мегиранд. Масалан, қаторкўҳҳои Ҳимолой як пиряхи калон дорад, ки пиряхи Ганготри ном дорад. Ин пирях ба дарёи Ганг дар Ҳиндустон оби тоза медиҳад. Ганготри як деҳаи маҳаллӣ аст, ки дар байни ҳафт ҳазор нафарони азим ҷойгир шудааст. Вай дар достони қадимии "Махабҳарата", ки беш аз панҷ ҳазор сол пеш навишта шудааст, зикр ёфтааст. Ба пирях баромадан, албатта, мазмуни худро дорад.

Дар сайёраи Замин пиряхҳои кўҳӣ ниҳоят зиёд мебошанд. Масоҳати онҳо ҳамагӣ 1,5 фоизи масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Аҳаммияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти хоҷагии одамон ниҳоят калон аст. Пиряхҳо барои ноҳияҳои камбориши рўйи Замин ҳамчун манбаи об хизмат мекунанд. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Марказӣ мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кўҳҳои Осиёи Марказӣ 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз он 60 фоиз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Пиряхҳои Тоҷикистон асосан дар кўҳистони Помир воқеъ гардидаанд. Масоҳати онҳо 8500 километри мураббаъ буда, аз 8493 пиряхи хурду калон иборат аст. Аз онҳо дарёҳои калони Осиёи Марказӣ ғизо гирифта, заминҳои хушкро обшор мегардонанд.

Ҳоло буҳрони экологӣ на танҳо ба ноҳия ё минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи Замин таҳдид карда истодааст.

Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” масъулияти ҳар як фардро баланд мебардорад, хусусан, нақш ва мақоми омўзгорон дар амалигардонии ин ташаббус бисёр бузург аст.

Натанҳо дар як соати дарсӣ, балки дар лаҳзаҳои фориғ ва берун аз дарс бояд ҳар яки мо барои муҳити тозаву озода ва хуб нигоҳ доштани экологияи муҳити зист чораҳои назаррас андешем.

Фаромўш набояд кард, ки муътадил нигоҳ доштани муҳити зист гарави муътадилии фаъолияти олами зинда ва дар маҷмуъ, муҳити зисти одамон ва фаъолияти онҳо мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари обҳои мусаффо шинохта шудаву 93 дарсадашро кўҳҳо ташкил медиҳад ва тамоми сокинони сайёраи Замин аз муҳити экологиву тозагии атмосфераи он огоҳ мебошанд, моро зарур аст, ки баҳри вайрон нагаштани муҳити атмосферӣ ва тозаву пас озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо шахсони масъул ва корхонаву муассисаҳои марбута доимо машваратҳои амалӣ гузаронем.

Бале, Тоҷикистон кишвари обҳои фаровону мусаффост. Аммо дар ҳамин ҳол норасоӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба об мушкилоти мубрамтарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Дар байни мушкилиҳои обӣ масъалаҳои таъминоти сокинони сайёра бо оби нўшокӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба санитария муҳимтарин мебошанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, зиёда аз 1,2 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тозаи нўшокӣ азият мекашанд, беш аз 5 миллион нафар аз ҳисоби нўшидани оби ифлос ба ҳалокат мерасанд ва 3 миллион нафари дигар ба касалиҳои дигар мубтало мешаванд.

Яке аз масъалаҳои ҳассос ва мавриди баҳси дигар муносибат ба дарёҳои фаромарзист, зеро қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон дар ҳавзаҳои дарёҳои марзӣ зиндагӣ мекунад. Умуман, бе ҳамкории густурдаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои истифодаи оқилонаи об ҳалли мушкили норасоии об ва бисёр масъалаҳои дигари марбут ба он имконнопазир аст.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, сиёсатмадори хирадманду башарпарвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои ҷаҳонии ҳалли саривақтии масъалаҳои марбут ба об суханронӣ карданд.

Созмони Милали Муттаҳид чор ташаббуси марбут ба оби Сарвари давлати Тоҷикистонро пазируфт: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”.

Айни ҳол татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо иқдоми Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, идома дорад.

Ҷиҳати амалисозии ин ҳадафҳо мо - сокинони Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҳамчун мардуми соҳибмаърифат вазифа ва масъулияти азиму ифтихорӣ дорем.

Мо вазифадорем, ки барои амалисозии ҳадафҳои даҳсола ва фаровонии об дарёю ҷўйҳоро тоза нигоҳ дорем, дар маъракаҳои тоза кардани соҳили дарёҳо фаъолияти хоса нишон диҳем ва ба насли наврас маърифати баланди муносибат ба обро омўзонем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳар як ташаббус ва иқдомашон баҳри ояндаи нек, ҳаёти осоиштаи давлату миллат ва мардум равона гардидааст.

Қабули ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маърифати экологии моро боз ҳам баланд мебардорад ва тарбияи экологии ҳар як фард таъсири мусбат мерасонад.

Солҳои охир муносибати нодурусти одамон ба табиат, аз меъёр зиёд ва бетартибона ҷамъоварӣ кардани рустаниҳо, шикори ҳайвонот сабаби камшавии намудҳои зиёди набототу ҳайвонот гардидааст.

Дар натиҷаи истифодаи нодурусти замин, афзоиши босуръати аҳолӣ, ба эътибор нагирифтани шароити муҳит ё мувозинати экологӣ, инчунин, афзудани дахолати инсон ба табиат, муҳити зист харобу ҳаво олуда шудааст, ки ин ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Инсон дар муҳити тозаву озода умр ба сар бурда, дар аксар маврид бинобар сабаби ҳавои заҳролуд ва мутобиқат накардани муҳити зист ба организм саломатии хеш ва атрофиёнро аз даст медиҳад, ки ин дар ҳақиқат, ҷойи нигаронкунанда мебошад.

Масалан, ҷангалҳо, пеш аз ҳама, манбаи асосии маҳсулоти сохтмон ва химиявӣ ба ҳисоб мераванд, лекин вай ҳамчунин хусусияти танзимкунии об, ҳифзи хок, вайроннашавии қабати атмосферӣ ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шароити ҳозира яке аз воситаи тарбияи одамон, алалхусус, ҷавонону наврасон баланд бардоштани маърифати экологии онҳо мебошад, ки он аз оила, боғчаи кўдакон, мактаб, сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва ғайра маншаъ мегирад.

Шахси дорои маърифати экологӣ дар роҳи суннату анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ тарбия гирифта, дар бораи ҷамъият, тафаккури инсон, табиат ва нигоҳдории он, инкишофи техника, тарзи ҳаёти солим малакаи заруриро пайдо карда, фаъолияти ҷамъиятӣ ва шахсии худро сайқал медиҳад.

Дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: “Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст”.

Пас, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки мушкилоти табиатро донад ва дар асоси донишҳои экологӣ ва фарҳанги экологӣ барои рафъи онҳо кўшиш намояд.

Хурсанд НУРОВ,

мудири шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон