Роҳнамо барои баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ таҳия гардид

2024-05-28

Барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва Рӯдакӣ семинари машваратӣ оид ба тартиби баргузории маҷлисҳо ва конференсияҳои ҳизбӣ бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Миралиён Қиёмиддин баргузор гардид.

Нахуст Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар бораи фаъолияти густурдаи ҳизбӣ, идеологияи созанда ва гуногунҷанбаи он ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки танҳо бо дониши мукаммал ва амалҳои ҳадафмандона нақшаву барномаҳои ҳизбиро метавонем амалӣ намуд. Дар идома зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти 30-солаи худ барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум, рушди босуботи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, барои ташаккули ғояҳои созандагӣ ва таҳкими ватандӯстӣ дар ҷомеа, аз ҳар аъзои ин ҳизби бонуфуз масъулияти даҳчанд, хоса ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо мегардад.

Миралиён Қиёмиддин бо иштирокчиёни курс дастурамал - роҳнамо барои баргузории маҷлисҳо ва конференсияҳои ҳизбиро тавзеҳ дода, зикр дошт, ки ташкилотҳои ибтидоӣ дар татбиқи самараноки асосҳои ҳуқуқию ташкилиии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воситаи асосии ғоявӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳамзамон ёдоварӣ намуд, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ тавассути Оинномаи ҳизб, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, мақоми олии ташкилотҳои ибтидоӣ - маҷлиси умумии аъзои ташкилот мебошад, ки ҳар семоҳа доир мешавад. Аз ин рӯ, дар роҳнамо тартиби баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои (кумитаҳои иҷроияи) ибтидоии ҳизбӣ, тартиби баргузории маҷлисҳои Раёсат ва Кумита ва баррасии қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, тартиби баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, тартиби баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар сатҳи вилотяҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчун дастурамали корбарӣ таҳия гардид.