Дастури методӣ дар бораи баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ–интихоботӣ тавзеҳ гардид
2024-05-28
Бо
иштироки Латифзода Асрор, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилояти
Хатлон семинари машваратӣ дар бораи баргузор намудани маҷлисҳои
ҳисоботӣ–интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир
гардид.
Нахуст
муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор аз ҳадафҳои
созандаи ҳизб барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, сатҳу сифати
арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар, ҷиҳати татбиқи
нерӯи инсонӣ, ки дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи
инсон равона шудааст, ибрози андеша намуд.
Сипас
дастури методие, ки бораи баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар
ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси талаботи Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, Низомнома «Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз
15 майи соли 2024 “Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ–интихоботӣ дар
ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳия гардидааст, бо раисони
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тавзеҳ ёфт.
Аз
ҷумла таъкид гардид, ки маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии
ҷумҳурӣ ин чорабинии муҳими ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси санадҳои меъёрии
ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ба танзим медароранд, омода ва
баргузор карда мешавад.
Барои
дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир намудани ин чорабинӣ КИМ ҲХДТ тамоми
раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор менамояд,
ки аз маводи пешниҳодгардида истифода бурда, маъракаи мазкурро тибқи ҷадвал дар
муҳлатҳое, ки маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ муайян намуааст баргузор намоянд.
Дар
анҷом зикр гардид, ки ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар, барои
воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ,
бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ,
волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди
соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун
ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.