Дар шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории ғолибони маҳфил – озмуни “Тоҷикистони ман!” баргузор гардид

2024-05-28

Дар толори фарҳангии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории ғолибони маҳфил – озмуни “Тоҷикистони ман!”, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардида буд, баргузор гардид.

Нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас маросими суханронии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор сурат гирифт, ки дар суханронии худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод ҳозирин ва ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолии мамлакатро ба муносибати Рӯзи ҷавононтабрику таҳният гуфт.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 18 нафар ғолибони маҳфил – озмуни “Тоҷикистони ман!” Диплом ва ҷоизаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.

Иттилоъ медиҳем, ки дар даври аввали маҳфил – озмуни “Тоҷикистони ман!” зиёда аз 746 нафар иштирок намуда, дар даври дуюм 87 нафар иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз гузаронидани маҳфил-озмуни мазкур ин таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон ва наврасон, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии Тоҷикистони азиз ба ҷаҳониён ҳамчун халқи таърихи қадимадошта мебошад.

Озмун миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор баргузор карда шуд.

Дар ин замина тибқи талаботи Низомномаи маҳфил-озмуни базми ғазал таҳти унвони “Тоҷикистони ман!” даври аввали он аз санаи 18.04.2024 то 13.05.2024 дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуда, 87 нафар ғолибон барои иштирок дар даври дуюм ба Кумитаи тадорукот роҳхат гирифтанд.

Санаи 14 майи соли 2024 дар толори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳр даври ниҳоии озмун баргузор карда шуда, 87 нафар ғолибони даври якуми озмун ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни озмун тибқи талаботи низомнома дар назди ҳайати ҳакамон баромад намуда, дар асоси ҷавдали баҳогузорӣ аз ҷониби комиссия ба ҳозирҷавобии довталабон, маълумоти мухтасар дар бораи асар ва тарзи қироати ғазал аз осори шоирони классикии форсу тоҷик баҳогузорӣ гардиданд.

Ҳайати комиссия аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи адабиёт ва фарҳанги шаҳр, роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Самадов Ҳалим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмуроди Одина, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Аминов Маъруф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд.

Дар натиҷа хонандаи МТМУ №34 Ҳайитов Икром бо баромади намунавӣ, ҳозирҷавобӣ, қироати ифоданоки ғазал ва маълумоти пурра дар саволҳои пешниҳод шуда аксарияти холҳоро сазовор гардида, сазовори ҷойи якум, хонандаи МТМУ №53-и шаҳри Ҳисор Туфонова Ҳомия ва хонандаи МТМУ №97-и шаҳри Ҳисор Меликова Шукрона бо ба даст овардани ҷойи дуюм, хонандагони МТМУ №5, 11 ва 50 ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. Хонандагони МТМУ №10, 15, 17, ва 61 сазовори ҷойи ифтихорӣ дониста шуд.

Ҳамчунин, миёни донишҷӯёни литсей, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ ва Гимназияи №1 ба хонандаи Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳр Шукронаи Икромиддин бо баромади намунавӣ, ҳозирҷавобӣ, қироати ифоданоки ғазал ва маълумоти пурра дар саволҳои пешниҳод шуда аксарияти холҳоро сазовор гардида, сазовори ҷойи якум, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгорӣ Фаридаи Иброҳим ва Азимова Сафина аз Коллеҷи тиббӣ ҷойҳои дуюм ва Умарова Сумая хонандаи Гимназияи №1, Тағоймуродова Фариза донишҷӯи Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор, Асоева Фарида донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ ва Раҳмонова Нигина донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгорӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи рангинӣ омоданамудаи хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор, ки саршор аз муҳаббати Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва шукургузорӣ аз тантанаи сулҳу субот буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.