Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии “Ободкор” ва “Шири Ватан” таъсис дода шуд
2024-05-27
Санаи 27 майи соли
ҷорӣ дар КВД “Ободонӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва
ҶДММ Корхонаи муштараки истеҳсоли “Шири
Ватан” Маҷлиси муассисон ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Хақлии
Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбарияти кумитаи
иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули
иродаи мардум, барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ, саҳми ташкилотҳои ҳизбӣ дар
корҳои созандагию ободкорӣ дар пойтахт, арзишҳои муқаддаси Истиқлоли давлатӣ ва
Ваҳдати миллӣ, вохӯрии, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот
бо фаъолон,
намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли ҷорӣ
ва нақшу мақоми ҲХДТ дар ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон ибрози андеша
намуданд.
Маҷлиси муассисон
ташкилоти ҳизбиро «Ободкор» дар КВД “Ободонӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Душанбе ва “Шири Ватан” дар ҶДММ Корхонаи муштараки истеҳсоли “Шири Ватан”
номгузорӣ намуда, раисони ташкилоти
ибтидоӣ интихоб карда шуданд. Ба
нафароне, ки
ба сафи ҲХДТ пайвастанд, дар вазъияти
тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ
супорида шуд.
Доштани
мавқеи устувори сиёсӣ дар ҳама давру замон, хусусан дар давраи ҷаҳонишавӣ муҳим
арзёбӣ гардида, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати муаррифии ҳадафҳои
созандаи Роҳбарияти олии ҲХДТ огаҳ намудани шаҳрвандон аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ
ва шаҳрвандӣ, ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб
мусоидат менамояд.