Ташаббуси ҳизбӣ дар шаҳри Ваҳдат

2024-05-27

Бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 25 майро Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон кардааст, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз 18 то 25 май як қатор чорабиниҳои варзиширо доир намуд. Яке аз ин чорабиниҳо аксияи “Тӯб” буда, дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор гардид.

Мақсад аз гузарондани аксияи “Тӯб”, рушди варзиш, аз ҷумла футбол ва ба варзиш бештар ҷалб кардани мардум мебошад. Дар ҷамъомади тантанавӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода иштирок намуданд. Ислом Ҳайдарзода доир ба аҳаммияти варзиш ва рушди футбол сухан ронда, аҳли ҳамоишро муборакбод намуд ва аз номи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба меҳмонон ва мураббиёну фаъолони соҳаи варзиш тӯбҳои футболбозӣ тақдим намуд. Ин иқдом як саҳме дар рушди футбол ва умуман варзиш хоҳад буд.

Дар ин росто қайд гардид, ки футбол на танҳо як варзиш аст, балки як нерӯи тавоно барои некӣ мебошад. Он ба тавсеаи ҳамкориҳои дастаҷамъона, эҳтироми якдигар ва ҳамчун нерӯи тавоно дар тақвияти равобити тамоми қишри ҷомеа нақши муҳим мебозад. Футбол ҳамчун як омили муҳим берун аз майдон, ба рушди иқтисодӣ, тандурстӣ ва некӯаҳволӣ мардум мусоидат карда, ҳамчун воситаи дипломатия ва табодули фарҳангӣ хидмат менамояд.