Таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар шаҳри Норак

2024-05-27

Бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA) Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 25 майро Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футболэълон кардааст, КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз 18 то 25 май як қатор чорабиниҳои варзиширо доир намуд.

Санаи 25 майи соли 2024 дар варзишгоҳи хурди шаҳри Норак, фестивали калони футболбозон бо ҷалби беш аз 350 нафар кӯдакону наврасони шаҳри Норак дар сатҳи баланд ва бо як шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Латифзода Асрор, муовини Раиси ҲХДТ, Саидзода Ҷамшед, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Гулмуродзода Қумриниссо, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Раҳимзода Меҳроҷ - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳасанзода Шаҳло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, Ҳакимзода Зуҳро, муовини раиси шаҳри Норак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Латифзода Асрор, муовини Раиси ҲХДТ доир ба аҳаммияти варзиш ва рушди футбол, ки яке аз роҳҳои беҳтарини нигоҳ доштани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад суханронӣ намуда, аҳли фестивалро муборакбод намуд ва аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба мураббиёну фаъолони соҳаи варзиш тӯбҳои футболбозӣ тақдим намуд. Ин иқдом як саҳме дар рушди футбол ва умуман варзиш хоҳад буд.

Саидзода Ҷамшед, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни баромад қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва ташаббускор барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Ҳасанзода Шаҳло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак чунин қайд кард, ки мояи ифтихор ва сарфарозист, ки варзиш рӯз ба рӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он овардаанд. Рӯй овардани ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид гузоштааст.

Эълон гардидани 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва Роҳбариятии Олии кишвар нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад.

Ҳакимзода Зуҳро, муовини раиси шаҳри Норак аз қабули ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид як падидаи хубу хотирмон арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва тибқи банди 5-и нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мактаби санъати бачагона озмуни расм бахшида “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар мавзуи “Варзиш қосиди сулҳ” ба роҳ монда шуда буд, ҷамъбаст гардида, Абдуллозода Манучеҳр хонандаи синфи 11 соҳиби ҷойи 1-ум, Ашуров Маъруфатулло хонандаи синфи 7 соҳиби ҷойи 2-юм ва Шарипов Фариз хонандаи синфи 7 ва омӯзгор Ахмедов Далер савзовори ҷойи 3-юм гардида, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. 

Дар анҷом аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак варзишгарони беҳтарин бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.