Ҷавонон - ояндаи миллат

2024-05-24

Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи бузурги пешбаранда ва офарандагони саҳифаҳои дурахшони ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд. Дар Тоҷикистони мо низ ҷавонон дар пешбурди ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷамъиятӣ саҳми босазои худро мегузоранд. Хушбахтона, имрўз аз шумораи умумии аҳолии кишвар зиёда аз 70 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста ба ин неруи созанда ва бунёдкор такя намуда, ҷавонони зодаи истиқлоли меҳанро ҳамчун хазинаи нодири Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ карданд.

Таълифоти нодири Пешвои миллат имрўз бевосита барномаи мушаххас ва дастурамали воқеии фаъолияти ҳаётии ҷавонони зодаи даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.

Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сатҳу сифати тарбияи фарзандон ва масъулияти байниҳамдигарии мактабу волидон тақвият ёфта, асосҳои ҳуқуқиро дар самти ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимму муназзами ҷамъиятӣ вобаста ба тарбия муайян кард.

Дар самти ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсии мамлакат, такмил додани иқтидори зеҳнии ҷавонон, дар ниҳоди онҳо бедор намудани ғояҳову падидаҳои неки инсонгароӣ имрўз фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии "Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон", “Пайравони Пешвои миллат", “Созандагони Ватан" ба роҳ монда шудааст, ки мактаби бузурги ватандўстӣ баҳри рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Баҳри қадршиносии олимони ҷавон бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои техникӣ таъсис дода шуд, ки ин раванд метавонад баҳри ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илму ирфон такони ҷиддӣ бахшад.

Бо ин ҳама дастовардҳои муҳим дар самти сиёсати ҷавонон ҳоло ҳам сатҳи ҷинояткорӣ, савияи пасти маърифат ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ дар замири баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ва қонунситез ба мушоҳида меравад, ки ин хеле нигаронкунанда аст.

Дар самти пешгирии ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ҷавонон аҳли зиё ва пеш аз ҳама, волидон вазифадоранд, ки нисбат ба тарбияи дурусти фарзанди худ аҳаммияти хоса дода, нисбат ба ҳаёти фарзанди хеш ва ҷомеа хунукназарона муносибат накунанд, баръакс, бояд волидайн фарзанди худро дар руҳияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои пурбаҳои миллӣ ва садоқат ба Ватани аҷдодӣ тарбият намоянд.

Имрўз мо шоҳиди он ҳастем, ки ягон соҳаи ҳаётан муҳимми кишвар нест, ки ҷавонон дар он кору фаъолият надошта бошанд ва боиси ифтихору сарбаландист ки имрўз сафи ҷавонони тарғибгари ғояҳои инсондўстонаи миллати, фарҳангсолори мо бамаротиб афзун мегардад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷавонони соҳибмаърифату тамаддунсози мо тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ободу пешрафта, сулҳофар ва ҳамчун сарзамини ташаббускор оид ба масоилҳои мубрами ҷаҳони муосир муаррифӣ намоянд.

Расулҷон Бобоҷонзода,

узви фаъоли ҲХДТ аз шаҳри Истаравшан