Ҷамъбасти марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи хурд миёни кормандони шуъбаҳои Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов

2024-05-24

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба "Рӯзи ҷаҳонии футбол" ва "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" Муассисаи давлатии "Маркази тиббии шаҳрии 1" ба номи Карим Ахмедов дар ҳамкори бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамовозӣ ба ташаббуси Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳакам намудани робитаи дӯстӣ, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои ғайрикасбии шуъбаҳои Маркази тиббии шаҳрии №1 барои дарёфти ҷоми “Маркази тиббии шаҳрии #1” мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни шуъбаҳои марказ баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Гулаҳмадзода Зулфиқор Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Абдулло Директори Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов, Розиқ Нурзод, мудири бахши омор ва Маҳзани ягонаи электронии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва кормандони Марказ иштирок намуданд.

Нахуст Сафарзода Абдулло зимни суханронӣ қайд намуданд, ки Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Дар қатъномаи мазкур аҳаммияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст. Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам          Рустами Эмомалиро дар бораи рӯзи 25 майро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт ва эълон кард ва рамзи ягонаи онро тасдиқ кард.