Боварӣ ба ҷавонон боварӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст

2024-05-23

Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб меёбад, ки нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳанӯз солҳои 90-ум кишвари мо миёни дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шуда, ба сиёсати давлатии ҷавонон рӯ оварда, қонун қабул намуд. Дар ҳамон солҳо татбиқи қонуни мазкурро дар мамлакати мо собиқ ташкилотҳои комсомолӣ (Иттифоқи Ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон) ба уҳда доштанд. 

Қабл аз даъват шудани Анҷумани 26-уми комсомоли ҷумҳурӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дигаргуниҳои азиме ба амал омаданд, ки натиҷаи он ба барҳамхӯрии ин ташкилоти бонуфуз таъсири худро расонид. Дар қисми зиёди ин ҷумҳуриҳо созмонҳои нав таъсис дода шуданд.

Чун вакили Анҷумани охирини ВЛКСМ дар шаҳри Москва хуб дар ёд дорам, ки дар суханрониҳои аксарияти вакилон бо дарду ҳасрат барҳамхӯрии ин ташкилоти таъсиргузорро қабул кардан намехостанд. Вале воқеият талаби дигаре дошт. Вақте ки ба Тоҷикистон баргаштему бояд ба анҷумани худ тайёрӣ медидем, суолҳои беҷавоб оид ба тақдири минбаъдаи созмон хеле зиёд буданд. Лекин дар рафти суҳбатҳо, дар конфронсҳои шаҳру ноҳияҳо дилпур шудем, ки ояндаи созмон хуб аст.

Анҷумани 26-уми ИЛКҶ Тоҷикистон ин ҷараёнро ҷамъбаст намуд: пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ҳуҷҷатҳои асосии созмон тасдиқ гардиданд. Ҳамин тариқ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфт. Лекин амал кардани сохторҳои созмон дар чунин давраи мураккабу пур аз зиддиятҳо бениҳоят душвор буд.

Дар ҳаёти сиёсии кишвар баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як саҳифаи тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Иҷлосияи мазкур роҳи ба эътидол овардани вазъро дар мамлакат тарҳрезӣ намуд ва мардуми Тоҷикистонро барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ҳидоят намуд.

Аз рӯзҳои аввали барқарор гардидани сохти конститутсионӣ аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати нави ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёфт.

Дар изҳороти Раёсати Шурои Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 1993 қайд карда шуд, ки Иттифоқ ҳамаи имкониятҳои худро барои кумаку дастгирии Ҳукумати конститутсионӣ истифода мебарад.

Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ниҳоят зиёд аст. 

Мо чунин таваҷҷуҳу ғамхориро дар амалишавии пешниҳоду ибтикорот ва ба зинаҳои роҳбарикунанда роҳ ёфтани ҷавонон мебинем. Илова бар ин, мулоқот бо ҷавонон ва роҳнамоӣ намудани ин қишри ояндасози ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Роҳбари давлат ба шумор меравад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраҳои аввали роҳбариашон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон чунин муайян намуда буданд: “Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки агар ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад”.

Равшан аст, ки иштироки омма, аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои муҳимми давлати демократист. Бо дарки ин нуқта, Сарвари давлат такя ба ин неруи созанда карданд. Маҳз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 вохӯрии аввалини роҳбарияти кишвар бо ҷавонон доир гашт. Агар ба саҳифаҳои таърих рӯй оварем, он вақт оташи ҷанг ҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид.

Тавре ки академики Академияи илмҳои педагогӣ, профессор Ваҳҳоб Набиев дар китоби худ “Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол” ёдовар мешавад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқи пурмазмуни барномавии худро дар вохӯрии мазкур чунин оғоз намуда буданд: “Имрӯз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям. Мехоҳам, ки дар ин суҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳодоти муфид медиҳанд”.

Иштирокчиёни вохӯрӣ “Муроҷиатнома ба ҷавонони Тоҷикистон”-ро қабул карданд, ки дар он чунин сатрҳо буданд: “Давлат бояд боварӣ дошта бошад, ки шаҳрвандони ҷавонаш онро дастгирӣ менамоянд. Бинобар ин, мо ба давом додани фаъолияти тамоми ташкилотҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи онро дар иҷрои Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” даъват менамоем. Ҳамаи корро бояд анҷом дод, ки мо ҳамчун қувваи муташаккилонаи муттаҳид амал намоем, ки барои он ҷудо кардани одамон аз рӯйи аломатҳои динӣ ё дигар тааллуқияти иҷтимоӣ, миллатгароӣ ва маҳалчигӣ бегона бошад, то ин ки ҷавонон ба эҷодкорӣ, накукорӣ ва сулҳ, муттаҳид намудани миллат ва мустаҳкам кардани дӯстии байни халқҳои Тоҷикистон машғул шаванд”.

Санаи 4-уми сентябри худи ҳамон сол Роҳбари давлат дар ифтитоҳи чорабиниҳои ташкилнамудаи Шурои Марказии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар назди “Кӯли комсомол” ба муносибати дуввумин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ба ҷавонон рӯ оварда гуфта буданд:

“Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва ман аминам, ки ҷавонон қувваи азими пешбарандаи ҷамъиятанд”.

Зимни ин суханронӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳаммияти бузурги соҳибистиқлол гаштани мамлакат ёдовар шуда, чунин зикр намуда буданд: “Ибораи Истиқлолу Озодӣ ба шумо - ҷавонон бояд болу пар бахшида, минбаъд ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон бояд аз як гиребон сар бароварда, даст ба даст дода ҳалол меҳнат кунанд, дониш омӯзанд ва бинои ояндаи дурахшонро бунёд созанд, зеро ки оянда аз они шумо-ҷавонон мебошад”.

Хушбахтона, вохӯриҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ба ҳукми анъана даромада, маҳз дар онҳо зимни суҳбатҳои рӯ ба рӯ бисёр камбудиву норасоиҳо ошкор ва мавриди муҳокима

аст. Суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Анҷумани қарор мегирифтанд.

Тавре дар боло зикр доштам, дар доираи таҷлили ин ҷашни муқаддас - “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҳамасола чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ доир карда мешаванд, ки бевосита аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар буда, намунаи олии дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба онҳо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994, ки таҳлили амиқи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дарбар мегирифт, ба барномаи кору рӯзгори ҷавонони Тоҷикистон табдил ёфт.

Маҳз дар ҳамин Анҷуман роҳбари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд. Дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ метавон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро махсус таъкид кард, ки бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва роҳнамоии ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Агар ба сафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар кунем, тибқи нишондоди ҳисоботи оморӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 36 фоизи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон мебошад, ки ин қуввваи бузургест барои ҳизби сиёсии пешсаф ва пешоҳанги кишвар. Ҷавонони мо бо кору пайкорашон амалан нишон дода истодаанд, ки дарвоқеъ, фарзандони шуҷоъ ва пайравони асили Пешвои миллат ҳастанд. Як нуқтаро қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” низ ҳамчун як боли ҳизб баҳри беҳбуд бахшидан ба ҳаёти сокинони кишвар, бахусус ҷавонон нақши бориз дорад. 

Чунин фаъолияти натиҷабахшро мо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар мебинем ва мушоҳида мекунем. Ба таври мисол метавон дастовардҳои илмӣ-ихтирооти олимони ҷавон ва варзишгарони мамлакатро қайд намуд.

Имрӯзҳо дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ раванди инкишофи ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз ҳамин неру қодир аст, ки монеаву мушкилоти мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон бартараф созад ва ин масъулиятро имрӯз таърих ба зиммаи ин неруи ояндасозони Ватан гузоштааст.

Тавре Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ниёз дорад”. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии ҷомеа ва амнияти миллату давлатро ҳамчун гаҳвараки чашм ҳифз кунанд. Дастовардҳои ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти рӯзмарра хеле назаррас ба чашм мерасанд.

Маҳз ҷавонон иштирокдорони чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишӣ ва инноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ буда, аз парчамбардорони асосӣ ва қосидони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналмилалӣ мебошанд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик аз ҳамқадамони боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори бунёди ҷомеаи пешрафта ва фарҳангиву зеҳнии замони нав мебошанд. Зеро дар дӯши ин қишри саодатманди ҷомеа ҳифзу гиромӣ доштани анъанаҳои неки ниёгон, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми поки Тоҷикистони азиз истодааст.

Латифзода Асрор Қурбон,

муовини Раиси Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон