ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

2024-05-23

Санаи 23 майи соли ҷорӣ дар Боғи ба номи Алишер Навоии пойтахт бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” даври ҷамъбастии аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки миёни вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуда буд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ҳамзамон намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он низ ширкати фаъолона доштанд.