Ҷавонон нерӯи созандаи миллат
2024-05-22
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии
ҷавонон ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “30 –
солагии таъсисёбии ҲХДТ” таҳти унвони “Нақши нерӯи созандаи миллат – барои
имрӯзу фардои дурахшон” баргузор гардид.
Нахуст филми “Марди роҳ” намоиш дода шуд, ки аз
давраҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагию гумроҳӣ ва баргардонидани
гурезаҳо ба Ватан қисса мекард.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Латифзода Асрор, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Сафармамадзода Сафармамад, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Бурҳонзода Муслиҳиддин, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим,
намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафарализода Далер иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ
ҲХДТ Бурҳонзода Муслиҳиддин оғоз бахшида, баргузории чорабинии мазкурро барои
баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли
давлатӣ иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Латифзода Асрор, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон сиёсати ҷавононро яке аз рукнҳои муҳими давлвтдорӣ унвон намуда,
нақши ҷавононро дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи
шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр
намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун нерўи созанда,
боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва
амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника
ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.
Дар идома, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Сафармамадзода Сафармамад зимни баромад аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
ҷавонони кишвар ёдовар шуда, аз амалишавии пешниҳоду ибтикорот дар самти кор бо
ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим дар
суханронӣ ёдовар шуданд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарҳанги сиёсӣ ва
маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода, баҳри дарёфти роҳҳои муассир ва
намунавии онҳо чораҷўӣ менамояд. Зеро дар шароити мустақилияти комили давлатӣ,
бунёди ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёд ва равандҳои имрўзаи ҷаҳонӣ ин масъала
мақоми афзалиятнокро ба худ касб менамоянд.
Сафарализода Далер, дар суҳбат зикр намуданд, ки
сиёсати рўй овардан ба ҷавонон яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди
давлатдории миллӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар
гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон
тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони
Ватан” ба ҷавонон ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” сипоснома тақдим гардид.